ИҒВОАНГЕЗИИ М.КАБИРӢ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Солҳои охир ба амнияти кишвари мо дар қатори дигар мамлакатҳои ҷаҳон таҳдиди нав пайдо шудааст, ки онро дар илми сиёсатшиносӣ ҷанги иттилоотӣ ном мебаранд. Гарчанде, ин навъи ҷанг ғайрианъанавӣ дониста шавад ҳам, мақсади он аз ҷанги анъанавӣ чандон фарқи калон надорад. Зиёд шудани гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва рӯй овардани онҳо ба ҷанги иттилоотӣ чун воситаи расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, хатари ҷиддӣ ба амнияти давлату миллат эҷод мекунад, ки боиси нигаронист. Пӯшида нест, ки имрӯзҳо бархе аз ашхоси иғвоангезу тафриқаандоз, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанду худро ба тоҷикистониёну ҷомеаи ҷаҳонӣ чун “ватандӯсту ватанпарвар” вонамуд кардан мехоҳанд, нияти халал ворид кардан ба сулҳу суботи кишварамонро доранд. Яке аз чунин ашхос роҳбари ТТЭ ҲНИ ва ҳамакнун бо номи созмони Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки дар хориҷи кишвар тариқи сомонаи иҷтимоӣ, аз қабили Фейсбук ва Ютуб ба вуқуъ пайвастааст, ба мисли пештара пур аз суханони пуч, иғво мебошад.

Таҳлилҳо собит менамояд, ки бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ дар ҳақиқат баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоваранд, падару модарон ва наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор месозанд. Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд.

Бо боварии комил метавон қайд кард, ки айни замон кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон воқифанд, ки мақсад ва ҳадафҳои имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созанда буда, тамоми ҷидду ҷаҳди он баҳри таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар равона карда шудааст. Мо, куҷое, ки набошем, хоҳ дохил ва ё хориҷи кишвар ҳамеша аз ақли солим ва пирӯзии адолат ҷонибдорӣ намуда, ба зиндагию кори худ идома дода, ба иғвоҳои хоинону мазҳабфурӯшон, намояндаҳои ташкилотҳои террористию эктремистӣ ва ифротиён набояд дода шавем. Ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи СММ мебошад, ба ҳама ташкилотҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ садо баланд намуда, даъват ба амал меорам, ки ба иғвою дасисаҳои Кабирию пайравонашон бовар накарда, амнияту осоиштагии аксарияти миллату давлати Тоҷикистониро пуштибонӣ карда, ҳизбу ҳаракатҳои бо асосҳои қонунӣ ва ҳукми Суди Олии Чумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ  эълон шудааст, фаъолияташ дар арсаи ҷаҳонӣ мамнӯъ эълон карда шавад!

ДИЛАФРӮЗ ҲОМИДОВА,

  муҳаррири шуъбаи табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *