
Дар бораи партовҳо ва хусусан партовҳои маишӣ расонаҳо зиёд менависанд ва аз таҷрибаи давлатҳои пешқадам мисол меоранд, ки онҳо чӣ тавр маърифати шаҳрвандии сокинонро баланд бардоштаанд, то ин ки партовро дар ҷойи муқарраршуда, дар соати муайян ва ба қуттиҳои махсус ҷойгир намоянд. Албатта, дар ин масъала, кишварҳои пешрафта қадамҳои ҷиддӣ гузоштаанд ва фаъолияти муназзами онҳо то андозае натиҷа ҳам додааст. Аммо ҷаҳон дар авҷи рушду тараққӣ қарор дорад ва табиист, ки ин ҳолат боиси зиёд гаштани партовҳо ва ифлосшавии муҳити зист мегардад. Бо рушди иқтисодии мамлакат дар натиҷаи истеҳсол ва истихроҷ зиёдшавии партовҳо низ ба миён меояд, чун мусаллам аст, ки ягон намуди истеҳсолот бидуни ба вуҷуд овардани партов фаъолият карда наметавонад.
Партовҳо аз рўи тақсимбандӣ ба гуруҳҳои зерин ҷудо мешаванд: истеҳсолӣ. Партовҳои истеҳсолӣ ҳамон намуданд, ки дар равандҳои гуногуни истеҳсолӣ ба вуҷуд омадаанд ва барои истифодабарии минбаъда бо мақсади дастрас кардани маҳсулоти нав дар муассисаву корхонаҳо корношоям мебошанд.
Нави дуюм сохтмонӣ аст. Ба гурўҳи партовҳои сохтмонӣ он партовҳое дохил мешаванд, ки дар ҳолатҳои истеҳсолии ин ё он сохтмон ба вуҷуд омадаанд. Барои мисол, хишти шикаста, порчаҳои оҳан, маводҳои бетонӣ, қисмҳои ленолиум ва дигар маводҳо. Партовҳои сохтмониро тамоман безарар номида намешавад, барои мисол, тахтаҳои дар сохтмон истифодашудае, ки бо рангҳо молида шудаанд — ин гуна тахтаҳо рангро кайҳо ҷабида гирифтаанд ва ҳангоми сўзонидани онҳо дар коргоҳи партовсўзонӣ аз худ газе ҳосил мекунанд, ки дар таркибаш моддаҳои зарарнок зиёд аст.
Ба партовҳои коммуналии зараровар мансубанд: шиша, коғаз, боқимондаҳои органикӣ, пластмассаҳо, ашёҳои металӣ, мебели куҳна, зарфҳои маишӣ ва ғайра. Аз байн бурдани партовҳои маишӣ, ки инсоният дар тўли рушди худ ба даст меорад, вазифаи мушкил ва ҳалталабест. Хусусан, дар шаҳрҳои бузург солҳои охир масъалаи аз миён бурдани партовҳо мушкилоти муҳиму мураккаберо ба миён меорад ва андешидани чораҳои махсусеро талаб менамояд. Ҷамъшавии партовҳои маишӣ дар шаҳрҳо ва инчунин деҳот, ки ҳамасола шумораи беандозаеро ташкил медиҳанд, хатари таъсиррасонии зиёдеро дар муҳити экологии замин ба вуҷуд меоварад.
Бояд қайд намуд, ки тамоми партовҳои маишӣ – ин ашёи хоми хубе шуда метавонанд, барои истифодабарии баъзе аз намудҳои дигари истеҳсолот, ки аллакай дар бештари мамолики хориҷ онҳо бо ин мақсад истифода мешаванд. Коркарди онҳо яке аз роҳҳои муҳими бартарафсозии мушкилоти экологӣ ба шумор меравад.

Дар сайёра одамон ҳоло партовҳоро ба кўҳҳои бузурге табдил медиҳанд. Масалан, дар канорҳои Бейрути Ливон партовҳо дар ҳаҷми 80 тонна, ҳамарўза ба собиқ регсоҳилҳое партофта мешаванд, ки замоне ҷойи истироҳати одамон маҳсуб меёфт. Баландии ин партовкўҳҳо тақрибан 40 метрро ташкил менамояд. Ин партовҳо дар натиҷаи вайрон шуда, пўсидан аз худ метан ва дигар заҳрхимикатҳоро хориҷ менамоянд, ки замин ва фазоро заҳролуд месозанд ва аз он 200 ҳазор нафар шаҳрвандон нафас мегиранд. Моҳигирони маҳаллӣ аз партовҳои пластикии ба баҳр партофташуда пайваста шикоят менамоянд.
Мушкилоти асосии экологӣ дар сайёраи мо он аст, ки дар тамоми ҷаҳон, ҳар ҷо ки инсон зиндагонӣ дорад, партовҳо низ дар ҳоли афзоишанд ва хатари таъсирбахшии зараровари он рўз ба рўз инсониятро таҳдид менамояд.
Бояд донист, ки дар баробари партовҳои зараровар боз безарари онҳо низ мавҷуданд. тўли солҳои зиёди сипаригашта, ки маводҳои полиэтиленӣ ё пластикӣ дар истеҳсолот камтар истифода бурда мешуданд, партовҳо низ аз маҳсулоти табиӣ – ба монанди коғаз, дарахт, пасмондаи хўрока, пашминагиҳо ва пахта иборат буд. Ин гуна партовҳо бидуни ягон зараре дар табиат нобуд ё ки пўсонида мешаванд, вале мутаассифона, дар баробари пешравии сатҳи зиндагӣ ва истеҳсолот маводҳои партовӣ ҳам заҳрноку хатарноктар гаштанд, таркиби металлҳои вазнин, моддаҳои радиоактивӣ ва пластмассаҳо дар заминаи модаҳои синтетикӣ хеле баланд ва зараррасонии онҳо ҳатто баъд аз нобудсозиашон низ барҳам намехўрад.
Аз ин рў, масъалаи ҷамъоварӣ, ҷойгиркунӣ, коркард ва безараргардонии партовҳо яке аз мушкилоти асосии экологӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, чун дигар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар як қатор санадҳои қонунгузорию меъёрӣ, ҳуҷҷатҳои стратегию барномавии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар инъикос ёфтааст.
Воситаи муфид ин дар байни аҳолӣ ҷоннок кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад. Гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои тарғиби кам истифода бурдани зарф ва халтаҳои пластикӣ хеле муҳим аст. Гузоштани овезаҳо дар хиёбону кўчаҳо низ омили баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад. Зеро агар одамон зарари пластика ба саломатӣ ва муҳити зистро нафаҳманд ва тартиби ҷамъоварии партовҳои пластикиро риоя накунанд, ҳалли масъала номумкин мегардад.
Бо мақсади тозагии муҳити атроф дар Хуҷанд қуттиҳои махсус барои партовҳо, аз ҷумла зарфҳои пластикӣ гузошта шудааст ва дар назар аст, ки чунин қуттиҳо дар дигар ҷойҳои серодам низ таъмин карда мешаванд. Ҳадаф аз насби чунин қуттиҳо тоза нигоҳ доштани шаҳр, ҷамъоварӣ ва коркарди дубораи зарфҳои пластикӣ ва ба ин васила, коҳиш додани таъсири манфии зарфҳои пластикӣ ба табиат мебошад. Аммо мо борҳо мушоҳида менамоем, ки баъзе аз сокинон зарфҳои пластикиро аз дохили қуттиҳои партов ҷудо намуда мегиранд ва онҳоро дар кадом шакл ва чӣ тавр ба куҷо расониданашон маълум нест. Дар қуттии партове, ки ҳама намуди партов гузошта шудааст ва аз он ҷо бўйи нороҳаткунанда мерасад, бардоштани зарфҳои пластикӣ мутобиқ ба талаботи экологӣ нест. Мо бояд ба фарзандонамон, ба насли наврас фарҳанги истифодаи қуттиҳои партовро, ки омили асосии тозагии гирду атроф ва муҳити тозаи экологӣ мебошад, омўзонем. Маҳз, ба навиштаҷот ва рангҳои қуттиҳои партов аҳамият дода, мутобиқ ба он партовҳоро ҷо ба ҷо намоем. Албатта, дар қадами аввал ин мушкил ва номумкин менамояд, аммо тадриҷан мардум ба он одат мекунанд ва дар ҳифзи муҳити зист ва экологияи шаҳр саҳми худро мегузоранд.