Боиси ифтихор аст, ки халқи шарафманд ва соҳибхиради мо бо азму иродаи қавӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта, бо шукрона аз фазои оромиву осудагӣ бузургтарин ҷашни миллиамонро бо ифтихори баланди ватандўстона пешвоз мегиранд. Имрўзҳо дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ пешрафтҳли назаррас мушоҳида мегарданд, биноҳои зебо қомат меафрозанд, корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд, теъдоди аҳолӣ низ рў ба афзоиш аст. Дар баробари ҳама пешрафтҳои муҳими иқтисодӣ масъалаи экологӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри азизамон ва маҳаллаҳои зист хеле муҳим аст.
Дўст доштани меҳан ва ватандўстӣ аз амалҳои хурдтарини ҳар як шахс метавонад маншаъ гирад, аз он ҷумла, доштани оилаи хуб, беҳтарин мутахассиси ягон соҳа шудан, доштани касб ва умуман амале, ки манфиатовар бошад ва ҳатто дар ҳолати манфиатбахш набудан, басанда аст, ки зараррасон набошад. Ҳар лаҳза бо ғурур қоил мешавем, ки бо Ватани худ ифтихор дорем. Албатта, бо Ватан ифтихор кардан хуб аст, вале беҳтар аз он, ки Ватан аз мо ифтихор кунад, аз рафтору кирдори мо, аз дастоварду ташаббускориҳои мо, аз созандагиву бунёдкориҳои мо.

Ба андешаи мо яке аз нишонаҳои дўстдории ватани азизамон ҳифзи табиат, тозагӣ ва озодагии манзилу маҳал ва шаҳри азизамон мебошад. Мутассифона, бо рушди саноат ва иқтисод масъалаи экологӣ ва ҳифзи макони зист, бардоштани партовҳо, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон печидатар мегардад. Дар кишварҳои пешрафта ба масъалаи истифодаи партовҳои маишӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Албатта, дар шаҳри Хуҷанд низ солҳои охир ба тозагии шаҳр бештар аҳамият медиҳанд. Бале, мо бояд пеш аз ҳама дар ин масъала маърифати шаҳрвандонро баланд бардорем. Дар партофтани партов дар ҷойҳои муқарраргардида ва ҳатто ҷудо намудани онҳо ба навъҳои гуногун бояд маърифати истифодабарии партов ва эҳтиром ба кормандони КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарии Хуҷанд”-ро тарбия намуд. Бисёриҳо ҳанўз бар ин андешаанд, ки онҳо маош мегиранд, корашон ҳамин аст, рисолаташон ҳамин аст. Бале, корашон ҳамин, рисолаташон ҳамин аст, аммо рисолаи пур аз хайру баракат, рисолати покизакории муҳит. Пас ба онҳо аҳсан бояд хонем, ки дар чунин муҳите кору фаъолият доранд ва барои тозагии шаҳр софдилона зағмат мекашанд. Солҳои охир, аҳолии кишвар рў ба афзоиш дорад. Партовҳои пластикӣ низ дар кўчаву ҷўйборҳо бештар мушоҳида мешаванд. Тасаввур кунед, агар дар як рўз садҳо нафар одамон зарфҳои пластикӣ ва селофанҳоро ба ҷое, ки дилашон мехоҳад, партоянд, пас кўчаву ҷўйборҳои шаҳри мо чӣ ҳолеро ба худ мегиранд. Тасвири ин манзара хеле ҳузнангез ва таассуфбор аст. Пас мо бояд маърифати шаҳрвандонро оид ба ин масъала дар хонаву манзил, кўдакистону мактаб ва коллеҷу мактабҳои олӣ баланд бардорем ва бо корҳои фаҳмондадиҳӣ онҳоро водор намоем, ки сари ин масъала андеша намоянд. Ба ибораи дигар, аз худамон шуруъ кунем ва барои ислоҳи вазъ талоши созанда намоем.
Биёед, як ба манзараи атроф таваҷҷуҳ намоем ва бинем, ки то чӣ андоза сокинон дар масъалаи партовбарорӣ аз манзилашон масъулиятшинос ҳастанд?! Мо борҳо шоҳид гаштем, ки сокинон партовро дар қуттиҳои партовбарор не, балки дар замин гузошта мераванд. Ҳатто, калонсолон ба он эътибор намедиҳанд ва дар як муддати кутоҳ гирду атрофи қуттиҳои партов пур аз ифлосиҳо мегардад. Аммо, як нуктаи дигарро таъкид карданӣ ҳастем, ки падару модарон партофтани партовро ба дўши фарзандон вогузор кардаанд ва онҳо вақте назди қуттиҳо меоянд, аслан фикр намекунанд, ки онро куҷо партоянд, ба дохил ё атрофи қуттиҳо. Пас дар ин масъала волидайн бояд масъулиятшинос бошанд ва ба фарзандони худ талқин кунанд, ки партовро дар ҷойи муносиб ва дохили қуттиҳо партоянд, то ин ки ба муҳити атроф таъсири ногувор нарасонида, кори идораи партовбарорро мушкилтар насозанд.
Мо имрўз дар кўчаҳои зебоманзари шаҳри Хуҷанд гаштугузор мекунем ва ободию пешрафт, тозагию озодагӣ, мавҷи фаввораҳо ва гулу себаргаҳои шукуфон мафтунамон мегардонад. Аммо ҷо-ҷое чашмамон ба партовҳо меафтаду табъамон хира мегардад. Пас саволе пайдо мешавад, вақте ки дар кўча мегардед, партовҳои дастатонро ба куҷо мепартоед? Шумо онро ба қуттии махсуси партовгоҳ мепартоед ё ба замин? Табиист, ки ҷавоби ҳама як хел нахоҳад шуд, зеро агар партов танҳо ба ҷои таъиншуда партофта мешуд, шаҳру кўчаҳои мо хеле тоза мегардид, дар зери дарахту ҷўйборҳо аслан партов ҷамъ намешуд.
Мутаассифона, дар ҳама ҷое, ки қадами инсон расидааст, муаммои партовҳои маишӣ дучор мешаванд. Имрўзҳо дар шаҳри Хуҷанд низ қуттиҳои партов бо ранги хос ва аломатгузориҳои махсус барои партовҳо гузошта шудаанд. Аммо, ин рамзу аломат ва нишонаҳоро сокинон аслан эътибор намедиҳанд ва ҳамагуна партовҳоро дар дилхоҳ қуттиҳо партофта, роҳи хешро идома медиҳанд.
Вақте ки аз кўчаҳои шаҳр мегузарем, қуттиҳои дар гирду атрофамон, дар кўчаҳо, дар истгоҳҳои автобусҳо гузошташудаи партовро дида, «хуб ки ҳаст» мегўем. Аммо коғаз, картон ва дигар партовҳои рўзгорро дар ҷои муайяншуда напартофтан, партоянд ҳам, ба навъҳо, мувофиқи ранг ва навиштаҷот ҷудо накарда мепартоянд, ки боиси таассуф мегардад.
Ба худ суол медиҳем, ки «Маърифати экологии мо кай ташаккул меёбад?» Дарвоқеъ, ба кўдакон аз замони таҳсил дар муассисаи томактабӣ партовҳоро ба навъҳо ҷудо кардан, аз рўи ранги қуттӣ фарқ карданро ёд додан лозим аст. Чунин дониш дар баъзе боғчаҳо ёд дода мешаваду дар баъзеҳо не. Шояд гўед, ки «майлаш, дар мактаб ёд мегиранд». Ҳақиқатан ҳам, ин мавзуъро бояд бевосита дар мактаб омўхт, аммо афсўс, ки бо кадом сабабе натиҷааш ба чашм намерасад. Мо бояд киро гунаҳкор кунем?

Пас, қуттиҳои партов бояд чӣ гуна ранг дошта бошанд? Дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба қуттиҳои партов, истифодаи партов ва рангу аломатҳои он дар кишварҳои ҷаҳон маълумотҳои зиёде ба назар мерасанд. Масалан, мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 2‑юми октябри соли 2018 «Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам афзудани самаранокии корҳо дар соҳаи амалинамоии корҳои вобаста ба партовҳои маишӣ» 4 намуди контейнерҳо насб карда мешаванд. Барои алоҳида ҷамъ кардан ва баровардани партовҳои сахти маишӣ:
• барои партовҳои сахти маишии аз нав коркардашуда — ранги кабуд;
• барои партовҳои сахти органикии маишӣ (озуқаворӣ ва дигар партовҳои биологии вайроншаванда) — қаҳваранг;
• барои партовҳои дурушти маишӣ, ки аз нав коркард намешаванд — хокистарранг;
• барои партовҳои хатарноки маишӣ — ранги норанҷӣ.
Талаботи навъбандии партовҳо дар кишварҳо аз якдигар фарқ мекунанд ва тавсия дода мешавад, ки пеш аз партофтан ба тамғаи коғазии болои қуттӣ диққат диҳед. Инро дар мисоли мамлакатҳои зерин муқоиса кардан мумкин аст.
Дар ин кишвар қуттиҳои партов аз рангҳои бетараф, аз қабили норанҷӣ, кабуд ва қаҳваранг иборатанд. Қуттии норанҷӣ барои шишаҳои пластикӣ ва партовҳои алюминӣ, қуттии кабуд барои коғаз аст. Зарфҳои шишагӣ ва пластикӣ дар қуттии қаҳваранг ҷойгир карда мешаванд.
Дар Сингапур ба мисли мо қуттиҳои партов низ дорои рангҳои табиии зард, сурх ва кабуд мебошанд. Қуттии зард барои алюминий, сурх барои зарфҳои шишагӣ ва пластикӣ ва қуттии кабуд барои партовҳои коғаз аст.
Дар Британия навъи партовҳои барои қуттии партов мувофиқро дар сарпўш бо ҳарфҳои калон навиштаанд. Асосан, фарқияти ранг дар сарпўши қуттӣ аст. Қуттии хокистарранг барои партовҳои ғизоӣ ва алюминӣ, қуттии кабуд барои рўзнома, маҷалла ва дигар маводи коғазӣ ва қуттии сурх барои ашёи пластикӣ мебошад.
Пеш аз ҳама, коркарди такрорӣ захираҳоро сарфа мекунад. Ба мисли ҳамин, қуттиҳои ҷудокунӣ ба одамон имконият медиҳад, ки партовҳо, чизҳои нолозимро партоянд. Ба ҷои ифлос кардани замин, ин партовҳо тавассути коркарди дубора ба маҳсулоти нав табдил меёбанд. Илова бар ин, одамон низ метавонанд дар ҳифзи табиат саҳм гузоранд. Масалан, тавассути аз нав коркарди якчанд ҷурнали кўҳна ва ба қуттии ҷудокунӣ гузоштан, шумо зарурати буридани дарахтонро бавосита коҳиш медиҳед. Дар ин ҷо ҳар қадар бештар коғазҳои партовро насўзонда ҷамъ овардан, миқдори муайяни дарахтонро аз буридан наҷот медиҳад.
Ба навъҳо ҷудо кардан ва аз нав коркард, энергияро сарфа мекунад. Барои истеҳсоли маҳсулоти нав миқдори зиёди энергия сарф мешавад, ки он ба муҳити зист ва атмосфера таъсири манфӣ мерасонад. Аммо коркарди дубора метавонад масрафи энергияро кам кунад. Масалан, коршиносон ҳангоми коркарди маҳсулоти алюминий сарфаи нерўи барқро то навад дарсад арзёбӣ мекунанд.
Ҳамин тариқ, коркарди такрорӣ ба ҳифзи табиат аз бисёр ҷиҳат кўмак мекунад. Агар як порча партови пластикиро ба кўча ё ба об партоед, тавассути партове, ки сад сол пўсида намешавад, ба олами набототу ҳайвонот зарар мерасонад.
Агар дар ҷаҳон технологияи коркарди партовҳо истифода намешуд, камбудӣ ва пур кардани партовгоҳҳо барои ҳар як кишвар мушкили ҷиддие меовард ва рўзе дар рўи замин фазои бе партов намемонд. Аз ин рў, ба муаммои партовҳо ҷиддитар муносибат кардан, маърифати экологиро ташаккул додан лозим ва зарур аст.
Мо боварӣ дорем, ки дар шаҳри Хуҷанд ва дар маҷмуъ шаҳраку деҳоти вилояти Суғд ба масъалаи тозагию озодагии маҳаллаи сукунат эътибори ҷиддӣ дода мешавад ва бо баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас, ҷавонон ва сокинон метавонем шаҳрамонро ба макони озодагию тозагӣ табдил диҳем. Дар ин самт барои ҳалли муаммоҳои мавҷуда ҳама сокинон бояд масъулиятшинос бошанд!
Абдулмаҷиди Бобоҷониён,
Нуъмон Раҷабзода