
Моҳҳои охири соли равон, алалхусус аз ҷониби Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҷалби шогирдону пайравони паймони худсохтаи наҳзат, ки дар кишварҳои Аврупо зиндагии муҳоҷирӣ доранду аз имконияту афзалиятњои шабакањои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, тавассути сомонаи ифротӣ “Ислоҳ. нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда баромад менамоянд. Ин барнома, воқеан ҳам ифротӣ аз оғози фаъолияташ то имрӯз бо найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардурӯғ мехоҳад вазъи кишвари моро ноором кунад. Чунончи М.Садриддин ин навбат, санаи 10 декабри соли равон дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” ва пайравонаш, аз ҷумла Салим Султонзода, Муҳаммад Тағоев оид ба масоили Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳид 10-уми декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса қабул гардидааст, баромад намуда, андешаи носолими худро баён сохтанд. М.Садриддин дар ҷараёни сӯҳбаташ риштаи суханро ба як афроде гӯё ҳуқуқшинос мебошад, Ҷамшед Ёров дод. Мавсуф зимни баромадаш оид ба масоили ҳуқуқи башар ва нисбат ба бандҳои моддаҳои 10 ва 18-и Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан намуда, бо матлабҳои гуногуни беасос кишвари моро зери танќид қарор дод. Вобаста ба масоли мазкур ёдовар шуда, ба М. Садриддин ва Ёров Ҷ. таъкидан хотиррасон менамоем, ки воқеан меъёрҳое, ки Конститутсияи мо муқаррар кардааст, диққати олимон ва мутахассисони ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Зеро, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси омӯзиши таҷрибаи байналхалқӣ, урфу одати мардуми тоҷик, бо дарназардошти арзишҳои миллии кишвари азизамон таҳия ва қабул гардид. Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, соҳибихтиёр ва ягона эътироф карда шуд. Қобили зикр аст, ки мувофиқи моддаи 10 Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал менамоянд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Ин меъёри конститутсионӣ водор месозад, ки қонунгузорӣ механизмҳо доир ба таъмини волоияти Конститутсия ва мутобиқнамоии меъёрҳои он бо қонунгузориро ба Конститутсия пешбинӣ намояд. Хулоса, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи ҳуқуқӣ мустаҳкам, пурра, пайдарҳам ба шумор рафта, дар танзимнамоии муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши бағоят калон дорад. Бинобар ин, ин ҳуҷҷати тақдирсозро коршиносони байналхалқӣ дар шумори Конститутсияи беҳтарину мардумитарин эътироф намудаанд, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳамин аст, ки олимон ва мутахассисони ҷаҳонӣ ба он баҳои баланд медиҳанд. Агар мо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки дар он оид ба тамоми соҳаҳои ҳуқуқи кишвар меъёр муқаррар шудааст. Мушоҳида намудани холигӣ дар Конститутсияи кишварамон оид ба ин ё он соҳаи ҳуқуқ ғайриимкон аст, зеро мустаҳкамии меъёрҳои он бартарафкунандаи тамоми камбудиҳои эҳтимолист. Ба таври мушаххас ифоданамоии иродаи халқи тоҷик дар дебочаи Конститутсия воқеан ҳам арзиши ин санади ҳуқуқиро дар миёни дигар давлатҳои ҷаҳон эътироф намуд. Бинобар ин, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Вобаста ба масоли матраҳгардида хулосабарорӣ намуд, қайд кардан зарур аст,ки ба андешаи мо М.Садриддин ва умуман раҳбарияту пайравони худсохтаи наҳзат заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарону мардуми меҳнаткаши кишварро нодида гирифта, ҳадафҳои ниҳоии хоҷаҳои хориҷиашро таблиғ карда, бегонапарастӣ мекунад. Дар урфият мегӯянд, ки офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Яъне М. Садриддин ва шогирдону пайравоин худсохтаи наҳзат тудаи хоиноне мебошанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд.
Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, иброз медорем, ки мо омӯзгорон, умуман ҷомеаи имрӯзаи кишвар, аз гуфтору кирдорҳои хиёнаткорнаи М. Садриддин ва шогирдону пайравонаш комилан воқиф гардидаанд ва ба ин васила, ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надода,онро доимо маҳкум менамоем ва бар зидди паймони худсохтаи наҳзат – заҳҳоксифатону иблисрӯён муборизаи беамон мебарем!
Д. ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ