Зан олиҳаи ҳусн …

“Зан олиҳаи ҳусн ва кадбонуи моҳир” таҳти чунин унвони шукӯҳбору шавқманд рӯзи гузашта донишҷӯдухтарҳои ДИС ДДТТ дар толори калони муассиса озмун баргузор намуданд. Чорабинии мазкур ба идҳои наврӯзӣ бахшида шуда, онро бахши тарбияи донишкада таҳти сарварии дотсент Аҳророва Г.У. ташкил намуд. Духтарон аз факултетҳои донишкада бо либоси тантанавиву идонаи худ аз рӯи шартҳои гуногун ҳунарҳои худро нишон доданд ва албатта рақобат бе доварон имкон надорад. Меҳмонони олиқадр, ки доварони озмун буданд аз зумраи занҳои обрӯманду фаъоли шаҳрамон чун: Шуҷоат Ҳасанова (собиқадори ҳизбию сиёсӣ), Атаева Ҳамроҳ Наимовна (собиқадори ҳизб), Мирзоходжаева Азиза (намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ) ва Мадина Анварова (роҳбари сехи дӯзандагӣ) буданд, ки ҳунарҳои духтаронро баҳогузорӣ намуданд. Озмун аз рӯйи панҷ шарт: 1) Ороиши мӯйи қадима бо либоси қадима; 2) Ороиши мӯйи муосир бо либоси рӯзмарра; 3) Дарзмол кардани куртаи мардона; 4) Намоиши истеъдоди духтарон; 5) Омода кардани хуриш гузаронида шуд.
Доварон ва мухлисон бо шавқу завқи зиёд намоишро тамошо намуда, бо табъи болида озмунро бо натиҷаҳои зерин ҷамъбаст намуданд:
Ҷои аввал – Факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ
Ҷои дуюм – Факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ
Ҷои сеюм – Факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ

Ҷамъбасти озмуни мазкур бо тамошои барномаи фарҳангӣ ва супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун ҳусни анҷом пазируфт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *