Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак!

Табрикоти директори Донишкадаи иқтисод ва савдои  ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи Аҷам

Бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ аз номи аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ дар ин лаҳзаҳои пурнишот, фарорасии соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи оламафрӯзро ба Шумо устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишкада самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, сарбаландию сарфарозӣ ва ҳама хушбахтиҳои рӯзгорро таманно менамоям.

Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд:

“Таърихи ҷашни Наврӯз, ки аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад, бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомӯзи халқи тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад. Мардуми фарҳангсолори мо ин ҷашни бостониро аз гузаштагони худ ба мерос гирифта, онро дар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти хаттиву шифоҳӣ бисёр васеъ ва ба таври шоиста инъикос кардаанд”.

Воқеан, ҷашни Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон маҳсуб мешавад, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

Наврӯз  бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд. Дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон нерӯи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накӯкорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд.

Аҳли ҷомеаи донишкадаи мо бо дилу нияти пок, бо бунёдкориву созандагӣ ба таълиму тарбияи шоистаи донишҷӯён машғул гардида, пайваста ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Мавриди зикр аст, ки дар донишкада барои таълиму тадрис шароити беҳтарин муҳайё гардидааст. Синфхонаҳои барҳаво, китобхонаҳои маъмулию электронӣ, компютерҳои замонавӣ, толори варзиш, марказҳои соҳибкорию забономӯзӣ ҳама дар ихтиёри устодону донишҷӯён қарор доранд. Албатта, ин имкон фароҳам меоварад, ки донишҷӯёни мо бо саъю кӯшиши зиёд аз пайи омӯзиш гашта, мутахассиси беҳтарин соҳа гарданд ва барои ободию шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол хидмат намоянд.

Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар устодону донишҷӯён ва аҳли ҷомеаи донишкадаи азизамонро шахсан аз номи худ ва аз номи раёсати донишкада ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният намуда, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати наврӯзӣ ва барори кор хоҳонам.

Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак,
Ҷашни гулу муҳаббат дар бӯстон муборак!

 Ҷашни Наврӯзи фархундапай муборак бошад!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *