ТТЭ Ҳизби наҳзат – ташкилоти иғвоангез ва хиёнаткор

 

ТТЭ ҲНИ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Имрӯз ҲНИ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумлаи ташкилотҳои террористию экстремистӣ ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки фаъолияти он иғвоангезию дурӯғгӯист.

Солҳои 90-уми асри гузашта аз ҷанги шаҳрвандӣ ва фурсати ба дастомада намояндагони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом тавонистанд манфиатҳои ғаразноки худро истифода намоянд.

ТТЭ ҲНИ мардумро ба майдоннишинию сангаркашӣ даъват карда, ҳама кӯшишашонро барои амалӣ сохтани амалҳои ғайриқонунии худ равона намуданд.

Аз нооромии ба амаломада ҳизби наҳзат ба қатлу куштор даст зад. Ин амали нангини ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат боиси кушта шудани чанд тан аз ҳамватанони мо гардид.

Аз ибтидо фаъолияти ҳизби наҳзат ба ноором кардан ва суботу амнияти давлат равона гардида буд ва мехостанд сулҳу оромиро халалдор созанд.

Мардуми тоҷик хуб дар ёд дорад, ки чӣ гуна ин ташкилоти воқеан террористӣ ба сари аҳолии мамлакат дарду андӯҳи гарон овард.

Аз ин рӯ, фаъолияти пинҳонии ТТЭ ҲНИ –ро шадидан маҳкум менамоянд.

Барои мардуми мо сулҳу субот аз ҳама ганҷина баландтар аст ва онро мо чун гавҳараки чашм азизу муқаддас медорем.

Ассистенти кафедраи баҳисобгирии

бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Самадова М.М.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *