ЗАИФГАРДОНАНДАИ ИДЕОЛГИЯИ МИЛЛӢ …

Таърих гувоҳ аст,ки воқеан халқи тоҷик ба вижа сарзамини Хуросон низ шахсияти бузургро соҳиб буда, то имрӯз давлатдории хешро бо роҳи созишу якдигарфаҳмӣ мартабаашро нигоҳ доштааст. Вале, мутаассифона дар солҳои  солҳои 90-уми асри гузашта миллати тоҷик бо мушкилоти вазнини иктисодию фарҳангӣ дучор гардид. Мардум дар ҳолати сарсонӣ ва фирор аз масканҳои аxдодӣ гаштанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шахсиятҳо бо роҳбарии хоҷагони хориҷиашон бо ном «адолатхоҳ» «исломдӯст» «пуштибони дини мубини Муаҳаммадӣ» харобиҳои зидди молӣ, xони ва заифгардонии идеолгияи миллиро замина гузошт. Ҳол он, ки марди ба вижа «обрӯманд» ба дину миллати худ чиҳо дода бошад, ки тарафдорони зиёдеро дар гирди миз ҷамъ оварда, ҳар гуна ақидаҳои зидди давлату миллатро замина мегузорад. Ба қавли Мавлоно Ҷалолудини Румӣ

Аблаҳе аз тори бом биафтад,

Гардани мо бишканад.

Ин шахси шинохта, нобиғаи бузург ҳаётро чунон таҳлилу коргузорӣ намудааст, кас аз чунин сатрҳо баҳои ӯро медиҳанд,

Агар Муҳиддин Кабирӣ аз дину мазҳаб огоҳӣ медошт, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи каҷу килеб ё худ xоҳилиро роҳандозӣ намекард. Агар аз ақидаи исломӣ дида бароем: муъмин бародари муъмин, ба бародарат чиро раво дорӣ ба худат раво дор, аз гаҳвора то гӯр илм ҷӯй ва ғайра. Хулоса М.Кабирӣ агар аз гаҳвора то гӯр илм ҷӯй огоҳӣ медошт, ҳаргиз нисбати ҳамзабонони худ чунин бадгӯӣ, тафриқаҷӯӣ, хусумат ва суханони зишт нисбати Ватани мо дар созмонҳои хориҷӣ кишвар садо баланд намекард. Агар ақидаи исломӣ «Аз гаҳвора то гӯр»-ро шиори худ мекард, мардумро омӯхтани илм ва чӣ манфиат доштани он дар ҳаёти башарӣ тарғибу ташвиқ мекард.  Ҳадафи ин шахсият бо ном «Кабирӣ» суйистифода ва нуфузи худро ҷой намудан ва соҳиби тахт шудан ва бо ном «ислом»-ро тараққӣ намудан аст. Ҳаминро таъкид менамоем, ки ҳаргиз бори каҷ ба манзил намерасад, заҳмати зиёди бесамарро мегиранд. Ба қавли Фирдавсии бузургвор:

Нигар то чӣ кори ҳамон бидравӣ,

Сухан гар чӣ гӯи ҳамон бишнавӣ.

М.Кабирӣ дониста бошад, ки ҳар амали кардааш дар назди худованд, виҷдон, ҷомеа рӯйпӯш намемонад, вақте мерасад ба ҳар қатраи хуни рехта муттаҳам дониста мешавад. Вақт довар аст, ки воқеан пас аз тамошои филми мустанади “Хиёнат” бори дигар боварии комил пайдо намудем, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ Мухиддин Кабирӣ ва аъзоёни он вобаста ба оғоз намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик содир намудаанд. амиқан тасдиқи худро ёфт. Бо баробари ин  аз ҷониби хешовандони М.Кабирӣ, аз ҷумла, додарарӯси М.Кабирӣ бо номи Муҳаммадалӣ Раҳматуллоев, ронадааш Ҳикматулло Сайфов бо мисолҳои амиқ М.Кабириро зери танқиди шадид қарор доданд.

Бинобар ин ҷавонон бояд аз дируза имрӯз ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, худогоҳ бошанд, бештар ба мутолиаи китоб шуғл варзанд, аз суботи давлат ва муносибати давлатӣ огоҳии том дошта, роҷеъ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маълумот дошта бошанд.

Итиминон дорем, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории Истиқлолияти давлатӣ ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати худро иҷро намуда, барои ободонии Ватани азиз ва афзудани номи неки он талош варзад.

 

   дотсент Файзиева С.А.-мудири кафедраи

                                                         забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *