ТТЭ ҲНИ – ТАФРИҚААНДОЗИ МИЛЛАТ

Имрӯзҳо ҳастанд ашхосе, ки барои пиёда намудани ҳадафҳои нопоки худ обру ва эътиқоди миллату мардуми тоҷикро зери суол баранд. Барои беқадр намудани обру ва эътибори кишвари мо дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳар кори номатлуб ва ношоиста даст мезананд. Бешак бояд гуфт, ки онҳо мунофиқон ва тафриқаандози миллатанд , аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ аз солҳои 90-уми асри гузашта, дар либоси дӯстбаҳри ноамниятии мардуми тоҷик бо хоҷагони хориҷиашон нақшаҳо мекашиданд. Имрӯз низ дар Аврупо наҳзатиҳо иқомат дошта, тухми кинаву адоват кошта истодаанд. Лозим ба ёдоварист, ки айни замон Муҳиддини Кабирӣ роҳбари фирории собиқ ҲНИ баъд аз кӯшиши табадулоти давлатӣ ба хориҷа фирор карда, дар кишварҳои бегона дур аз ватан мехоҳад ақидаи ҷомеаи ҷаҳониро нисбати Тоҷикистон дигар намояд, худро ҳомии дини мубини ислом нишондода, хостори он аст, ки ҳадафҳои нопоки худро зери сояи шариати ислом амалӣ намояд. Ягона роҳи ба ҳадафҳои номатлуб расиданаш аз эътиқодоти динии мардум сӯйистифода намудан аст.

Бинобар ин моро зарур аст, ки зиракӣ ва ҳушёрии худро аз даст надода талош намоем, ки баҳри устувории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар саҳмгузор бошем. Мавриди зикр аст, ки ҳеҷ як шахси бадхоҳу бадкирдор  ба мақсад нарасидааст ва нахоҳад расид. Дар охир аз забони Иқбол гуфтаниям:

Ин фитнагарон боз ба найранги дигар,

Доранд ба ҷойи оштӣ ҷанги дигар.

 

 

АБДУСАМАДОВА Х.Ғ.-

                                                                                муаллимаи калони кафедраи

назарияи иқтисоди ДИС ДДТТ 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *