НАТИҶАҲОИ НОХАЛАФИВУ ВАТАНФӮШИИ АЪЗОЁНИ ҲНИ

(Интиқоди фаъолияти ватанфурӯшии собиқ аъзоёни ҲНИ)

Истиқрори сулҳу ваҳдат дар ватани азизи мо – Тоҷикистон маънии онро надорад, ки ҳар ҷинояти дигарро нодида гирифта, алайҳи ҷинояткор парвандаи ҷиноӣ боз нагардад. Пас, саволе ба миён меояд, ки чаро он нохалафоне, ки ба қадри сулҳу оштӣ нарасиданд, дубора даст ба нооромии кишвар ва инҳирофи ҷомеа заданд? Магар ин ҷиноятҳо бояд бидуни муҷозот афв гардад ва барои пешгирии дубора ноором гаштани вазъи ҷомеаи кишвар ҳеҷ гуна чораҷӯӣ нашавад?

Ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солхои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яку якбора фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бӯҳрони иқтисодӣ, бекори, паст шудани сатхи зиндагии аҳолӣ, аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию чамъиятиро ба вуҷуд овард. Аз ин ҳолат намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ, алалхусус аъзоёни ҲНИ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намуданд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба торҳои эҳсоси мазҳабию динӣ нохун зада, аҳолиро ба масчидҳо ва тавассути онҳо ба фикри амали намудани мақсаду мароми худ ҷалб менамуданд. Барои онҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳар гуна воситаҳо истифода мебурданд. Дар ҳамон вақт барои ба як самти барои худ дилхоҳ равона намудан мардуми баору номуси миллати тоҷик душвор буд ва барои ин маблағҳои калонро бо датгирии «дӯстони хориҷиашон» амалӣ менамуданд. Аз ин лиҳоз, муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси ҳамонвақта бо баҳонаи ҳифз кардани дин ва аҳли тақво ба баъзе аз ташкилоту созмонҳо ба номи хайриявии мамолики дигар, аз ҷумла давлатҳои исломӣ муроҷиат менамуданд. Дар чунин вазъият давлатҳои исломии ба мо «дӯсту бародар» ин равандро истифода бурда, бо тезӣ ва мақсаднок онҳоро маблағгузорӣ мекарданд. Аз тарафи дигар, вуҷуд надоштани назорати қатъӣ, бемасъулиятӣ дар қисмҳои низомие, ки аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ монда буданд, ба он оварда расонид, ки онҳо ба фурӯхтани яроқу аслиҳа ба гурӯҳҳои гуногун ва созгор кардани муҳимоти ҷангӣ оғоз намуданд. Бар замми ин, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон бе назорати катъӣ монд, ки дар ҳудуди он гурӯҳҳои зиёди террористӣ арзи вуҷуд мекарданд. Хулоса ҳамаи ин омилҳо ба он оварда расонид, ки дар ҷумҳурӣ яку якбора гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистии яроқнок пайдо шуда, бо мақсади ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва дигар кардани сохти давлатдорӣ  фаъолияти худро оғоз намоянд. Гурӯҳҳои манфиатҳои экстремистӣ дар дохили кишвар ва қисме ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон фирор карда, бо кӯмаку дастгирии намояндагони ташкилотхои террористии байналмилалӣ бо максади ноором сохтани вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва заиф  намудани мавқеи ҳокимияти давлатӣ, ҳадафҳои асосии фаъолияти таҳрибкории онҳо террори роҳбарони ҷумҳурӣ, вакилони Мачлиси Олӣ, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, намояндагони ҳизбу ҷамъиятҳо, корхонаҳои дорои аҳамияти муҳими иқтисодидошта ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ қарор гирифтанд. Бо ин мақсад ба ҷумҳурӣ гурӯҳҳои хурди террористӣ равона карда мешуданд. Аз тарафи ин гурӯҳҳо амалҳои террористӣ нисбати собик Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдуллоев Н., собиқ раиси ноҳияи Fарм Музаффаров Б., собиқ ректори Донишгохи тиббии Тоҷикистон Юсуф Исхоқӣ, муовини ӯ Минҳоҷ Fуломов, собиқ аъзои Коммисияи оштии миллӣ О. Латифӣ, собиқ мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юлдошев К., куштори намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва дигар амалҳои террористӣ содир карда шуданд.

Имрӯз, ки М. Кабирӣ  пас аз ин қадар носипосӣ ба халқу миллат ва хиёнат ба Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат дорад, бо он ҳама иддае аз ҳамватанони моро дар хоки ғурбат чун фирорӣ ва ё бечора бидуни ресмон банд кардааст. Ин даста бо ҷурми он ки замоне узви аъзои ҲНИ маҳсуб меёфтанд ва ё бо амалҳои назарфиреб ва ғаразноки М. Кабирӣ фирефта шуда буданд, имрӯз наметавонанд бо сари баланд дар Ватан рӯзгор ба сар баранд. Ба фарҳангу оини миллат санги бегонапарстӣ задан, мардумро бо фитна ба гумроҳӣ кашидан, дар мулки ғайр овораву сарсон кардан магар бахшиданист? Не, ҳаргиз не! Ин тоифа хоинони Ватан ҳастанд. Хоини Ватан малъун аст ва заррае имон дар бадан надорад. Нохалафону  нотавонбин, ки худ дар ҳаққи Ватан ҷиноят содир намуда, ҳазорон ҳамватанонро гумроҳ ва  сарсону саргардон намудаанд ва то ҳол собиқ аъзоёни ҲНИ ва дигар гурӯҳҳу равияиҳои ифротӣ даст ба ҷиноят содир карда истодаанд. Масалан дар соли 2020 аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои доихилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар ТТЭ собиқ аъзоёни ҲНИ, 3 нафар “Ал-Қоида”, 8 нафар аз ҷамоати “Ансоруллоҳ”, 203 нафараш аз ТТЭ “Бародарони мусалмон”, 27 нафар аъзоёни ТТЭ “Давлати исломӣ”, 17 нафар равияи “Салафия” ва 4 нафар  аз “Гурӯҳи 24” ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Хулоса дар замони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳост ва аз ҷониби дигар фазои иттилоот васеъ аст, имкони лағжишҳои сиёсиву фарҳангӣ ҳам бештар хоҳад буд. Аз ин рӯ, моро ин нукта муҳим аст, ки то тавонем санъати бо ҷаҳон зистан, вале бо худ буданро омӯзем,  ҳаргиз нагузорем, ки ба фазои осудаи Тоҷикистони соҳибситиқлол, ба мардуми шарифи он, ба арзишҳои миллии мо газанде бирасад. Пос доштани Ватан, онро аз дасти ватанфурӯшон эмин нигоҳ доштан қарзи муқаддаси шаҳрвандии мост.

Он чӣ гузашт, агарчи гузаштаи начандон дури таърих буд, аммо дарси ибрат барои мо тоҷикон бояд бошад. Бо ибораи мардумӣ “Кӯр асояшро як бор гум мекунад”. Ҷои ин ҳама изҳороти беҳуда ва ношукрӣ бояд шукри ободии Тоҷикистони азиз ва осудагии рӯзгори мардумро кунем. Барои пешрафт ва шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон камари ҳиммат бубандем. Чунон бояд рафтор кард, ки имрӯз низ ҷомеаи ҷаҳон тоҷиконро чун меросбарони тамаддуни ҷаҳонофар дигарбора эътироф намояд ва чун ҷузъи ногусастании ҷомеаи ҷаҳонӣ арҷ гузорад.

 

Қобилов Н.Қ.-муаллими кафедраи

                                                            молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *