Забон – ҳастии миллат

Санаи 14.10.2021с. бо ташаббуси кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии ДИС ДДТТ маҳфили илмӣ-адабӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Забони давлатӣ таҳти унвони «Забон – ҳастии миллат»   бо иштироки меҳмонон – муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон Аҳророва Г.У., мудири шуъбаи илм ва инноватсия Камолов Ф.А., мудири шуъбаи фарҳанг Ашрапова М.К., декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ Ҳакимзода М.М.  гузаронида шуд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Бо сухани ифтитоҳии  муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон Аҳророва Г.У. ва мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент  Файзиева С.А.чорабиниро  ҳусни оғоз бахшид.

Чорабиниро барандаҳои хушбаён  – Ахмедова Адиба ва Фарухзода Фарзона  давом дода,  риштаи суханро ба донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси 25010407тб Ҳайдаров Ҷонибек дода шуд, ки ӯ таҳти мавзӯи «Таърири забони тоҷикӣ» баромад намуд.

 Инчунин, донишҷӯён   бо  панҷ забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, хитоӣ, ӯзбекӣ )васфи ситоиши забони тоҷикиро ба тамошобинон ироа намуданд.

Баромади донишҷӯёни донишкада оид ба ироаи суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба  Рӯзи забони давлатӣ ш унида шуд.

Гуруҳи  донишҷӯён  шеърҳо дар мавзуи забон ва ситоиши он  аз ашъори шоирон  қироат намуданд.

Сухани ҷамъбастӣ  ва қадрдонӣ бо Сипосномаҳо  ба муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна дода шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *