Вохӯри баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокиямияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони шӯрои Ҳаракти Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бо устодону донишҷӯёни донишкада дар мавзӯи “Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, тартибу одоби ҳамидаи инсонӣ” баргузор гардид.


Дар чорабинии мазкур Набиев Мирзотоҳир – намояндаи МИҲД-и вилоят, Аъзам Ҳотамӣ – котиби ҳамоҳангсозии Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Саидзода Шӯҳрат – устоди ДДҲБСТ ва устоди донишкадаи мо – доктори илмҳои фалсафа, профессор Солиҷонов Расулҷон иштирок доштанд. Сараввал, муовини директор оид ба тарбия  Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна баромад намуда, зикр кард, ки баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни донишҷӯён корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шудааст ва хушбахтона, ҷавонони мо тибқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзиши илм, азхуд намудани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир машғуланд. Сипас, баромади меҳмонони чорабинӣ шунида шуда, дар охир донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *