Раҳматова Заррина Исломовна

Раҳматова Заррина Исломовна 31 июли соли 1983 дар шаҳри Ленинобод (ҳозира шаҳри Хуҷанд) дар хонаводаи коргар таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 2000 ба шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси молия ва қарзи факултаи молия ва иқтисодиёти бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, онро соли 2005 бо дипломи аъло хатм намудааст.

Баъди хатми Донишгоҳ солҳои 2005-2010 ҳамчун ассистенти кафедраи молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва аз соли 2010 то 2014 ҳамчун ассистенти кафедраи молия ва қарзи Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Аз соли 2014 то инҷониб муаллимаи калони кафедраи молия ва қарзи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият мебарад.

Рисолаи номзадиро санаи 15 феврали соли 2018 таҳти мавзӯи “Механизмы обеспечения экономической безопасности национальной банковской системы” дар назди Шӯрои диссертатсионии Донишкадаи муаммоҳои бозори Академияи илмҳои Русия (Институт проблем рынка Российской академии наук) аз рӯи самти 080005-Иқтисодиёт ва идоракунӣ (амнияти иқтисодӣ) дар шаҳри Москави Русия ҳимоя намудааст.

Дорандаи дукарати стипендияи Раиси вилояти Суғд барои унвонҷӯён ва аспирантон буда, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Аз январи соли 2021 то имрӯз мудири шӯъбаи магистратура ва докторантураи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *