Вокуниш перомуни маводи “Эрон ҳеҷ вақт ором намешинад”

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ як мақолаи таҳлилие бо номи “Эрон ҳеҷ вақт ором намешинад” ба нашр расид, ки касро ба андеша кардан водор менамояд. Дар ин мавод омадааст: “Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи кишварҳои наздик будааст, ки пайваста ба сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолат кардааст. Аз қабл ҳам ин дахолатҳо, бахусус дар масоили марбут ба сиёсату мазҳаб бармало будаанд, аммо ахиран бархе ҳаводисе дар Тоҷикистон рӯй доданд, ки тафтишот дар онҳо маҳз “дасти эронӣ”-ро фош кард. Таъсису маблағгузории Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ, зери ниқоби кӯмакҳои “башардӯстона” маҷбуран ба шиагароӣ тела додани афроди ниёзманд, ба Эрон бурдани ҷавонон бо ҳадафи “тарбия” ва истифода дар амалҳои террористӣ, фармоиши қатли чеҳраҳои маъруф ва ғайра аз ҷумлаи барномаҳои мукаммале будаанд, ки ҳанӯз аз замони касби Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғоз шудаанд”.

Хабарнигори тоҷик Довуд Исматӣ, ки аз соли 2006 ба ин тараф фаъолияти ТТЭ ҲНИ ва сарпарастӣ шудани он аз сӯйи Эронро таҳқиқот бурда, далелу асноди зиёдеро, аз ҷумла вобаста ба “дасти эронӣ” дар воқеаҳои кишвар собит намудааст. Дар мусоҳибаи худ мавсуф таъкид менамояд, ки: “Раванди пуштибониҳои ТТЭ ҲНИ дар кишварҳои ғарбӣ, маблағузории чорабиниҳои таблиғотӣ ва иттилоотии ин ташкилоти террористӣ баёнгари рӯшоди ин ҳақиқатанд, ки Эрон дар масъалаи муносиботаш бо Тоҷикистон ором нишастанӣ нест. Ва то ҳол бовар карданӣ ҳам нест, ки ин ташкилоти террористӣ ва роҳбарони шармандааш дигар “мурда”-и сиёсие беш нестанд. Худро бо пайвастаги бо ХНИ, агар хамин хел рафтан гирад, беобру ва шарманда хохад кард”.

Имрӯзҳо шоҳиди он шудаем, ки душманони халқиятҳову миллатҳо дар кишварҳои хориҷӣ нақшаҳо кашида, ба сулҳу суботи ҷомеа нооромиву хатарҳои ҷиддиро эҷод мекунанд. Душманони кишвару миллат ҷавонони нодону ҷоҳилро бо роҳҳои тарғибу таблиғи ақидаҳои ба мо бегонаву зараровар ва ваъдаҳову суханҳои бардуруғи аблаҳкунанда дар кишварҳои Эрону Афғонистон Покистону мамолики араб ҳамчун манқуртшудагони худ табдил дода, ба тариқи васоити мухталиф бар зарари миллату давлат нақшаҳо мекашанд. Масалан,  шаҳрвандони ҷумҳурии азизамон борҳо шоҳиди он шудаанд, ки баъзе ҷавонони гумроҳшуда дар минтақаи Қуми Ҷумҳурии Исломии Эрон чун террористони манқуртшуда табдил ёфта, барои нооромии кишвар талошҳо намудаанд.

Аз мардуми кишвари азизамон хоҳиши онро дорем, ки бар зидди радикализму экстремизм ва бегонапарастиву нодонӣ мубориза бурда, ба Ҳукумати Тоҷикистони ҷавон ва лекин бисёр бо хирад мусоидат намоянд. Мо ҳаргуна амалҳои нопоки террористону экстримистон ва радикалҳо, ки  дар шакли ҳизбҳои террористии мамнуъшудаи таҳриру ҳнит, давлати исломӣ, ансоруллоҳ, ихвон, ҳизбуллоҳ, салафияву таблиғ, ҷамоати исломӣ, гурӯҳҳои экстремистии 24 ва ҳамфикрони онҳо, ки манқуртони хоҷагони кишварҳои ғарбу шарқ, аз ҷумла Эрон ҳастанд,  маҳкум менамоем ва намегузорем, ки кишвари ноороми моро ба ҷанг оғӯшта кунанд.

Фаррух Камолов, номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Исроил Иброҳимов, номзади илмҳои математика, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *