Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа карда, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳуриро барои оянда муайян намуданд. Дар баробари инъикоси дастовардҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз зарурати ислоҳоти иқтисодӣ, рушди низоми давлатдорӣ, камбудиву норасогиҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва мушкилоти олами муосир сухан ронда, якчанд маротиба дар бораи таҳдиди зуҳуроти манфии терроризм ба ҳаёти осоиштаи мардум ёдрас шуданд ва қайд намуданд, ки «террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».
Мо шоҳиди он ҳастем, ки оташи тероризм дар тамоми дунё доман паҳн карда ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи сиёсии ҷаҳон, аҳволи мусулмонони рўи олам, тақдири ҷавонони гумроҳзада ва оқибатҳои бадбахтиовари он ҳеҷ як фарди бонангу номусро ором намегузорад. Зуҳуроти даҳшадноку нафратовари терроризм ва экстремизм аксаран таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ суръат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби хоинони ин дини муқаддас роҳандози мешавад.
Чумҳурии Тоҷикистон аз минтақаҳои даргири терроризм аз нигоҳи ҷуғрофӣ як андоза дар канор бошад ҳам, фаромўш набояд сохт, нооромии минтиқа ва кишварҳои ҳамсояву ҳаммарз метавонад, моро ором нагузорад. Зеро паси зуҳури ҳодисаҳои террористӣ ва ифродгароӣ қурбониву хисороти ҷониву мулкии ҳазорҳо нафар инсон қарор дорад, ки ин падида ҳеҷ як нафар аз мардуми соҳибиродаву соҳибақлро ором гузошта наметавонад. Чунон, ки дар гузоришу паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муаззами тоҷикон ҳама вақт таъкид мешавад, ки кишвару давлати мо терроризмро дар ҳама шаклу падидаҳояш қатъиян маҳкум менамояд. Ҳукумати кишвар агар бо қабули қонуну созишномаҳо ин равандро суръат бахшад, шаҳрвандони он ҳар амали марбут ба терроризму ифротгароиро сари вақт маҳкум менамоянд. Набояд фаромўш намояд, ки мубориза бо терроризим зуҳуроти барои инсоният бегона бино бар мураккабияш вазифаи дарозмуддат ва ҳамарўза бани башар аст. Бояд ҳар нафар, хоса насли ҷавон, ки тарруку эҳсоси зудтарканда хоси онҳост, дар бартараф ва пешгирӣ намудани ин падидаи фалокатбору ваҳшатзо саҳм гузорад ва пеш аз анҷом ҳар амал аз оқибату натиҷаҳои он андешад.
Аз ҷумлаи ҳизбҳои террористию экстремистӣ ТЭТ ҲНИ мебошад, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти он дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон гардидааст. Мо ҳама дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолибе мехонем, ки саркардаҳои ин ҳизб дар хориҷи кишвар нисбати ватану миллат бадгӯӣ мекунанд ва дастовардҳои шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро нодида мегиранд. Мардуми тоҷик дигарбора ба доми шумо намеафтанд ва мо як бор ин ҳама ҷангу ҷидол ва бесарусомониро бо чашми худ дидем ва ҳаргиз фирефтаи афкори бегонагон нахоҳем шуд. Бас аст, бадхоҳию нотавонбинӣ.
Омўзгори калони кафедраи тиҷорат ва
ҳуқуқи ДИС ДДТТ Темирова М. Ҳ.