Вокуниш оид ба ақидаи озодандешони тоҷик, таҳти унвони Интиқом шурўъ шуд?

Тоҷикистон хушбахтона имрўз ба яке аз кишварҳои ободу соҳибистиқлол ва пешрафта ба шумор рафта, дар арсаи байналхалқӣ мавқеи хосаро сазовор гардидааст. Албатта, муаррифии Тоҷикистон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ кори саҳл набуд. Баъди барҳам додани ҷанги шаҳрвандӣ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мухтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо биҳиштосо гардида, дар байни мамолики олам ҳамчун як давлати ҳуқуқбунёд ва соҳибистиқлол муаррифӣ гардид.
Он ашхоси нобакор, ки имрўз худро «озодандешон» номидаанд, оиди миллати точик ва Тоҷикистон суханҳои қабеҳ мегўянд, ки ҳамаи ин гуфтаҳо аз нотавонбинӣ мебошад.
Хушбахтона, имрўзҳо нишонае аз он рўзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ намондааст.

Бар ақидаи гурўҳи нохалафи «озодандешони тоҷик» имрўз мафҳуми «сулҳ», дар Тоҷикистон гуё пурра ҳукмфармо нест. Аммо он нобиноҳо магар намебинанд, ки дар замони муосир мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурда, шукронаи сулҳу оромӣ ва тинҷию осудагӣ мекунанд.
Мардум имрўз бо як руҳияи баланд баҳри рушди иқтисодии кишвар камари ҳиммат баста, баҳри ободии кишвар ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд. Масъалаи терроризм ин муаммои глобалӣ буда, на фақат Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, балки ҳамаи ҷаҳониёнро фаро гирифтааст. Имрўз тамоми ҷаҳон бар зидди ин вабои аср мубориза бурда, барои терроризм ва экстремизмро риштакан намудан чораҳои зарурӣ менадешанд.

Ба ёд овардани он рузҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ хеле душвор аст, забон намегардад, ки оиди он рузҳои ҷанги бародаркуш сухан ронем. Охир он рузҳои мудҳиш вазъияти кишвари нав соҳибистиқлол гардида, чӣ гуна ташвишовар буд. Оё вазъи имрўзаи Тоҷикистонро бо он солҳои ҷанг қиёс намудан аз рўи ақли солим аст, ки «озодандешон» имрўз ҳам оиди он рўзҳои мудҳиш баён намуда, шарм надошта, буҳтонҳои зиёд мекунанд.
Охир дар ҳамон давра Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «то ҷон дорам ҳамаи гурезагонро ба Ватан бармегардонам. Агар ягон гуреза аз ватан дурр монад, манн худро осуда ҳис намекунам».  Дар ҳақиқат ҳам ҳамин тавр шуд, бо кўшишҳои пайгиронаи сарвари давлат ҳамаи гурезагон ба Ватани азизашон баргаштанд.
Оқибатҳои фалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар боиси талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида буд. Саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ бо ташаббуси ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати ислом ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон аз масҷидҳои ҳамонвақта оѓоз гардида буд. Дигар ҷомеаи ватандўсти кишвар намехоҳад, ба суханпардозиҳои беасос гўш диҳад, ҳадафи мо бо фарҳангу маърифати баланди ватандўстӣ баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз кору амал намудан асту бас.

Имрўз «озодандешон» худашон бедор нашудаанд ва надида истодаанд, ки Тоҷикистон ва мардуми тоҷик он рўзҳои нангини ҷанги бародаркушро паси сар намуда, дар як кишвари орому осуда дар фазои сулҳу оромӣ зиндагонӣ карда истодаанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *