Терроризм миллату мазҳаб надорад!

Дар қолаби бозиҳои пушти пардагии қудратҳо барномаи ба истилоҳ ТТЭ ҲНИ ҷо гирифтааст ва аз он ҳамеша истифода мешавад. Террористц хонадани ҲНТ барои иддае аз кишварҳо ва давлатҳо ба манфиати корашон ва стратегияашон нест, бинобар ин аз қабули он имтиноъ меварзанд. Гузашта аз ин, барои террористи мазҳабц миллату халқият бегона аст, танҳо аз идеали худ, ки бар пояи ҷаҳли мураккаби асримиёнагц устувор шудааст. Муносибати бетарафона ва бемулоҳизакоронаи баъзе кишварҳои аврупоц бо терроризми исломц ба  он натиҷа расид, ки дар Аврупо амалҳои террористии гурӯҳҳои ифротгаройи исломц тез-тез сурат мегиранд ва домани худро густурдатар мекунанд.
Ҳамеша кӯшиш мекунем, ки мардуми мо пайрави аз мазҳаби аҷдодц дошта, шахсони щаразнок, мардуми бемазҳаб ва амсоли онҳо ақидаи динии моро фасод насозанд, одамонро барои ҳадафҳои  худ қурбон накунанд. Алъон фазои оламро пайваста таркишҳо фаро гирифта, дар Сурияву Ироқ, Афщонистону Покистон амалҳои террористц анҷом дода мешаванд. Дар натиҷа мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, кӯчаву хиёбонҳои зебои шаҳру деҳот щарқи хун гашта, ба ҷоихандаву суруд, фазои онро гиряи модарон ва ашки ятимон пур мекунад.
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ҳоло ҳам дар дохилу хориҷц кишвар бадхоҳоне вуҷуд доранд, ки мехоҳанд ободиву тараққиёт, ҳаёти осоиштаи мардуми моро ба вартаи ҳалокат афкананд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалц Раҳмон низ аҳд бастанд ба хотири сулҳу салоҳи кишвар ба ҳамаи онҳо мансабу вазифаҳои баланд доданд,  аммо мутаассифона ин тоифа аз ҳалимии сарвари давлат истифода бурда, бори дигар хостанд хунрезц кунанд.
Дини мубини ислом ба халқу Ватан садоқат доштанро бисёр қадр мекунад. Ҳар як инсон махсусан ҷавонон барои дӯст доштани ватани азизи худ бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ба озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулиятҳои бузург дорад.
Пай дар пай амали нашудани нақша ва барномаҳои наҳзатц гувоҳи он аст, ки ТТЭ ҲНИ дар арсаи минтақавц обрӯ ва нуфуз надорад ва мардуми тоҷик  аз барномаи фиребашон огоҳ шуда, аз шахсиятҳои ҲНИ имтиноъ меварзанд. Стратегияи асосии наҳзатц-касби қудрат ва барпо намудани салоҳияти исломц дар Тоҷикистон буда, тавассути раванди тактикц дарёфти маблащ, тавсеа додани нуфуз, ищвогарии матбуотц ва интернетц ногузир сохтани вазъ дар минтақа мебошад.

Ассистенти кафедраи забоҳои
хориҷии ДИСДДТТ
Ҷӯраева Н.З.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *