Имрузҳо дар рузномаҳои хориҷӣ ва дар шабакаи ҷаҳонии интернет аз тарафи хоинони миллат ҳамчун Кабирӣ ва хизматгорони хоҷаҳои хориҷии онҳо бисёр мақолаҳо , видео роликҳо нашр шуда истодаанд, ки характери реаксионӣ доранд ва бо ҳар гуна роҳҳои росту дурӯғ мехоҳанд шаҳрвандони ҷумҳурӣ , махсусан ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбҳо ва ба сафи артиши ба ном Давлати Исломӣ шомил кунанд ва дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо нооромӣ барпо кунанд.
Мо шаҳрвандони бо ору номуси миллат ба Кабирӣ ва хоҷаҳои хориҷии онҳо муроҷиат карда гуфтанием, ки онҳо дасти хунолуди худро аз давлати ороми мо гиранд, пои қадами номубораки худро ба Тоҷикистон нагузоранд. Мо намегузорем , ки дар Тоҷикистон ҷанг шавад ва сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби Олиро ба пуррагӣ тарафдоӣ мекунем.
Изҳорот оид ба фаъолияти гуруҳҳои террористӣ ва ифротгаро
Солҳои охир аз байни ҷавонони гумроҳгаштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи артиши ба ном давлати исломии Ироқ ва Ливанте нафарони бисёр ҳатто бо оилаҳояшон шомил шудаанд.Онҳо ба ваъдаҳои дурӯғи хоҷаҳои хориҷӣ бовар карда ба Суриё ва Ироқ барои барпо сохтани давлати исломӣ рафтанд, вале вақте, ки ба онҷо расиданд, пушаймон шуданд. Зеро дар ин давлати ба ном исломӣ на ислом буду на рукнҳои он. Ҷанговарони давлати ба ном исломӣ бо тероризм, ғоратгарӣ, одамфурӯшӣ, ғорагарӣ ва занҷаллодӣ машғул буданд, ки бо дини Мубини Ислом ягон алоқамандӣ надошт. Барқе аз нафарони гумроҳгашта тавонистанд, к ибо азобу машақат бо пушаймонӣ ба ватан баргарданд ва ватан онҳоро бахшид ва ба зери боли худ гирифт.
Мо зиёиён ба шаҳрвандон ва махсусан ба ҷавонони миллат муроҷиат карда мегуем, ки ҳар гиз ба зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба ташфиқоту тарғиботҳои ҳар гуна ҳизбҳо ва ҳаракатҳои терористӣ, реаксионӣ дода нашаванд ва ҷони худ ва наздиконро дар хатар нагузоранд.
Мо бояд дар паҳлӯи Ҷаноби Олӣ бошем, сиёсати пешгирифтаи он касро тарафдори кунем ва Тоҷикистонро обод намоем!
Зинда бод Ҷаноби Олӣ! Зинда бод Тоҷикистон!
Муаллими калони кафедраи
забонҳои хориҷии ДИСДДТТ
Раҳимов Э.Э.