Вокуниш ба андешаҳои ифрогароёнаи ТЭТ ҲНИ

Ҳуҷуми иттилоотӣ  ва мафкуравии наҳзатиҳои фирорӣ аз тариқи баъзе расонаю сомонаҳои берунӣ яке аз воситаҳои тавҳин задан ба давлат ва миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Бо роҳи пахшу нашр кардани маводи ғаразнок роҳбарияти созмони террористии ҲНИ миёни ҷомеаи тоҷик нуфуз пайдо кардан мехоҳад ва худро мубаллиғи озодию истиқлол ва пуштибони мардум вонамуд мекунад. Тавассути ин навъи технологияи сиёсӣ, аз қабили Вотсап, Вайбер, Имо, Скайп ва ғ. роҳбарияти ҲНИ мехоҳад мисли пештара дар муҳити иҷтимоии тоҷикон таъсири чуқур гузорад. Ин аст, ки аз хориҷи кишвар мушкилоти мавҷударо аз ҳуҷумҳои иттилооотӣ ва мафкуравӣ мепардозад ва риёкорию чарбзабониро ба ҳадди ифроту тафрит мерасонад. Қаламбадастони расонаҳои наҳзатӣ бо исми мустаор матлаб интишор мекунанд. Ба таври муттасил мушкилоти мавҷударо ба ҳадди ифрот бурда, оташи бадбиниро нисбат ба ҳукумат парокандан мегирад. Аз берун истода, дар мавриди ватанашон дурӯғ мебофанд ва гӯё ба иттилои хориҷиён мерасонад.

Вале мутмаинам, ки ба ин дурӯғҳо бовар кардани мардум осон нест. Аввал,  хориҷиён барои гирифтани иттилооти дақиқ аз пойгоҳҳои хабарии ғарбӣ, ки иқтидори бузурги иттилоотӣ ва тахассусӣ доранд, истифода мебаранд ва ба расонаҳои иғвогари наҳзатӣ аслан эътимод надоранд.

Дувум, хиёнатгарон дар ватан нестанд ва ҳарфи онҳо наметавонад вазъияти мамлакатро такон диҳад.

Севум, Роҳбарияти кишварамон стратегияи давлатии барқарор кардани нуфузи илмро дар ҷомеа пайгирӣ карда истодааст, ҳол он ки мақсади наҳзат ҳарчӣ бештар мардуми мо бесавод мондан аст.

Фикр мекунем, ки мардуми босаводу боақли мо фирефтаи фиребу найранги ифротгароён намешаванд ва ба ҳар ҳарфи беҷои онон бовар намекунанд.

Сарвари давлат ҳамзамон дар ин маврид таъкид менамоянд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”

Муаллимаи калони
кафедраи забони англисӣ
Насриддинова М.М.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *