Давлату миллати тоҷикро дар вартаи нобудӣ афканданд…

Дастандаркорони фирории ҳизби террористӣ ва мамнуъшудаи наҳзати исломӣ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта,  дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд, бо ҳар роҳу восита махсусан , бо таълифи хабару мақолоти муғризона тариқи сомонаҳои ифротии интернетӣ кӯшиш доранд, давлату миллати тоҷикро сиёҳ кунанд. Онҳо тариқи пахши ахбори муғризона худро нафарони адолатпешаву ҷоннисори миллат намоиш медиҳанд. Онҳо иддао доранд, ки ин ташаккули сиёсӣ аз солҳои 70-уми қарни гузашта ба фаъолият шурӯъ намуда, дар солҳои 90-уми асри гузашта ба ҳайси ҳизби сиёсии динии расмӣ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта шудааст.

Хадамотҳои ҷосусии баъзе кишварҳои хориҷӣ бо назардошти манфиати ғаразноки хеш тавонистанд ҳамин гуна ташаккули сиёсию маҳзабиро бо роҳи маблағгузорӣ кардани онҳо ба вуҷуд оранд. Чун дар дигар минтақаҳои мусалмоннишини шӯравӣ чунин навъи ҳизб вуҷуд надошт, дар онҳо ҷанги шаҳрвандӣ низ ба вуқӯъ напайваст. Собиқаи пурдоғи ҲНИ гувоҳи он аст, ки сохтани низоми сиёсии динӣ маҳзабӣ, ки бар пояи таассубу ҷаҳолати маҳзабӣ асос меёбад , мароми ин ҳизб аз оғоз то ба охир ба ҳисоб меравад. Мақсади ин ҳизб ҳамоно бунёди ҷомеа ва давлати динӣ мебошад.

         ҲНИ ва роҳбарияти сиёсии он тайи даҳ соли охир ҳамеша бар  пояи тарҳи озору гилоя ва шикваю шикоят домони интиқоди муғризона барзада, боиси мураккаб шудани вазъ дар минтақа гардиданд. Онҳо  иродаи озоди худро надоранд ва танҳо аз рӯи дурӯғпардозӣ мехоҳанд ба зеҳнҳо таъсир расонда, ҷойгоҳеро дар боварҳои мардум аз худ ба вуҷуд оваранд.

        Вале ҳар фарди бедордил ва огоҳи миллат бояд андеша намояд, ки онҳо ҳамон гурӯҳҳоянд, ки давлату миллати тоҷикро дар вартаи нобудӣ қарор доданд ва сабабгори аслии ҷанги бародаркушӣ гардиданд. Бояд ҳар як фарди миллат дарк намояд, ки онҳо бештар аз марази вогире дар вуҷуди миллат нестанд. Онҳо нафаронеанд, ки манфиати бегонагонро таблиғ менамоянд ва мехоҳанд аз нав истиқлолияти миллӣ ва давлати миллиро аз байн баранд.Дурӯғпардозӣ, фазилатфурӯшӣ, суханбозӣ, гул задани мардум усули асосии мағзшӯии онҳост. Ба онҳо такя кардан ва онҳоро бовар кардан ба ҷуз аз нобудии миллат кори бештаре нахоҳад буд. Ин ҳизб ба мисли маризии вогирест, дар пайкараи миллат, аз ин рӯ, сафарбарии ҳамаи неруи солимфикри ҷомеаъ барои аз байн бурдани ин беморӣ метавонад миллати моро аз шарри ин саратон озод намояд.

Муаллимаи калони
кафедраи забонҳои хориҷӣ
Давлятова Ч.А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *