Ба истиқлолияти давлати кӯчакамон нав 27 соли пурра шуд ва аз замони ваҳдати миллиамон 21 сол гузашт. Агар комёбиҳои дар ин муддат ба даст овардаи мамлакатамонро дар як паллаи тарозу ва ноқисиҳои мавҷударо дар паллаи дигар гузорем, паллаи аввала вазнинтар ба назар мерасад. Аз ин сабаб, биёед ба хубиҳо эътибори ҷиддӣ диҳем, бе ягон гумону фикрҳои ботил ва бемаврид дар роҳи пешрафту ривоҷу равнақи давлати азизамон бошем. Ба эроду хӯрдагириҳо набояд роҳ диҳем, то ки муқаддастарин дастоварди мо, Ваҳдати миллӣ рахна нагирад.
Сарвари давлатамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳои мунтазами худ бо намояндагони ҷомеаи кишвар, инчунин дар Паёмҳои худ масъалаҳои умдатарини милливу байналмиллалӣ, таҳқиқи амиқи вазъияти дохиливу берунаро дар мадди назари худ мегиранд.
Вазъияти ҷаҳони муосир бар асари муноқишаҳои мусаллаҳона низ аз тарафи Пешвои миллат мавриди таҳлил гардида, сурати асли ин воқеа ба ҳар яки мо муайян мегардад. Ин муноқишаҳо дар 40 нуқтаи олам тақрибан дар 30 давлати дунё рӯзмаром рух медиҳанд. Масалан дар Сурия 460 ҳазор нафар бегуноҳ кушта шуд.
Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири ҷаҳонӣ рӯз то рӯз вазъи куллиии сиёсиву иҷтимоии қисми зиёди мамлакатҳои Шарқро бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асримиёнагӣ ва сиёсатҳои геостратегӣ ноҳамвор сохта, дарҳамбарҳамиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, пеш аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангиву маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина, неруманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.
Мардуми тоҷики мо чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва диниву мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, адоват, кина, ҳилла, оммафиребӣ ва худотарошии “шайхон” ва ҳаммаслакони ҲНИ бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз дарди бедаво ранҷ мебарад.
Мардуми мо аз солҳои пешина хабар доранд, ки ба “шарофат”-и ҲНИ дар Тоҷикистон даргириҳои сиёсии ба шармандагӣ оварда расонида рух доданд ва сабагори асосии ин бесарусомониҳо маҳз пайравони ин ҳизб буданд. Бо ёрии роҳбарияти ҲНИ дар байни мардуми гуногунзабон тухми кинаву адовати динию мазҳабӣ кошта шуд. Аҳолии шаҳру деҳоти гирду атроф ба мусулмону ғайримусулмон табақабандӣ карда шуда, бадгумонии диниву мазҳабиро байни қавму миллатҳо ба вуҷуд овард. Мутаассифона, ин бадгумониҳо бо саъю талоши ҳизби мазкур дар зеҳни мардуми минтақаҳои гуногуни мамлакат боқӣ мондааст ва дар саҳифаҳои таърихи миллати мо ва ватани азизамон чун паёмади шуми ибтикороти кӯҳансолони маънавию сиёсии ҳизб гардидааст.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ба хотири сулҳу Ваҳдати Миллӣ ва расидан ба ризоияти иҷтимоӣ тамоми ҷиноятҳои аз тарафи ҲНИ содиршударо бахшиданд ва ин ҳизбро дубора иҷозат доданд. Вале ҳамаи ин суд надод. Баъди амали Абдуҳалим Назарзода ин ҳизб шарманда шуда, миёни мардум беобрӯ гардид. Фаъолияти ин ҳизб бо назардошти вайрон кардани вазъи суботи сиёсии кишвар ва барои ба амалҳои ҷиноятии хусусияти террористӣ дошта даст задан ин ҳизб аз тарафи Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби террористӣ эълон гардид. Ана акнун сарони ин ҳизби фатвогар ба хориҷи кишвар фирор карда, мехоҳанд дар он ҷо низ фаъолияти худро зидди давлати мо давом диҳанд.
Шукри худост, ки мамлакати мо бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои саривақтӣ дида ба решаи ин ҳизби морвор заҳрпош табар зада, ҳамаи моро, шаҳрвандонро аз асорати маънавии он раҳо доданд. Алъон мо мутмаинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ бо амалиётҳои террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар одамони бегуноҳ гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.
Муаллимаи калони
кафедраи забони англисӣ
Насриддинова М.М.