ДАСИСАВУ НАЙРАНГИ НАВБАТИИ БАДХОҲИ МИЛЛАТ ДАР ШАБАКАИ ИҶТИМОӢ

Санаи 1 майи соли равон тариқи шабакаи иҷтимоӣ бадхоҳи миллат – Муҳиддин Кабирӣ дар барномаи ифротии “Паймони миллӣ..” баромад карда, ин навбат худро чун раиси Шурои уламои кишвар ҳисобида, табрикотии Рамазонро баҳона намуда боз нисбати фаъолияти роҳбарияти олии мамлакат ғайбату тўҳмат намуд. Дар ҷараёни баромадаш Кабирӣ бо мисоли бемантиқу беасосаш доир ба қазияи Афғонистон, Россияву Украина, муноқишаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва дар атрофи масоили зулму шиканҷа мардум андешаи носолимро баён кард. Боиси сад афсус, ки душмани миллати тоҷик худи тоҷик аст, ки дар ҳамин сарзамини биҳиштосо ба воя расидааст ва имрӯз дар Аврупо иқомат дошта, чун кӯрнамаки нобакор ба миллати худ, ба хоки сарзамини худ хиёнат мекунад. Ин рафтору кирдори гумроҳон бори дигар собит мекунад, ки чунин шахсиятҳои ифротгарои беимон, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки хоинон ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Бинобар ин, нагузорем, ки бадхоҳи миллат – Кабирӣ ва пайравонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд.
Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *