Санаи 21-уми октябри соли 2021 соати 14-00 дар маҷлисгоҳи бинои 4-уми Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии донишҷӯёни ихтисосҳои 240103-ҳуқуқи иқтисодӣ, 24010104-ҳуқуқи байналхалқии тиҷоратӣ ва 24010302-танзими ҳуқуқии молия ва қарз бо намояндагони Суди иқтисодии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Муовини Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Раҳмоналӣ Анвар ва Котиби маҷлиси Суди иқтисодӣ Исозода Искандар бо донишҷӯён оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос доир ба самти соҳаи ҳуқуқи иқтисодӣ сӯҳбат гузарониданд. Дар вохӯрӣ инчунин муовини директор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Мирпочоев Д. А. муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ва рушди ҷавонон, дотсент Аҳророва Г.У., декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ, дотсент Ҷалолов Н.М. ва устодони кафедра низ ширкат варзиданд.