Ҷонназарова Дилшода Худойназаровна

Ҷонназарова Дилшода Худойназаровна 13 октябри соли 1970 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи  зиёӣ  таваллуд  шудааст.

Соли 1978 ба мактаби миёнаи №22-и ш. Хуҷанд ба синфи 1 дохил шуда, онро соли 1988 хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишкадаи педагогии ба номи С.М.Киров ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба факултаи математика дохил шуда, соли 1993 онро бо ихтисоси математика-информатика хатм намуд.

Соли 1993 баъд аз хатми донишгоҳ ҳамчун лаборанти кафедраи методикаи назариявӣ оид ба корҳои тарбиявӣ, аз моҳи феврали соли 1994 то сентябри соли 1994 ҳамчун лаборанти калони кафедраи психология  ва аз соли 1994 то 2004  ҳамчун  омӯзгори кафедраи  фалсафаи маданияти  ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров   фаъолият намудааст.

Аз соли 2004 ҳамчун муаллимаи калони кафедраи фанҳои умумитаълимии  Комплекси ягонаи таълимии ДДТТ ш. Хуҷанд ба фаъолият оғоз намуд.

4 марти соли 2011 дар мавзӯи «Хусусиятҳои механизми алоқамандии тарафҳои ба ҳам муқобил дар зиддиятҳои иҷтимоӣ» рисолаи номзадиро дифоъ намуда зиёда аз 34 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ эҷод кардааст. Дар конфронсҳои илмии донишкада ва ҷумҳуриявӣ   борҳо ширкат меварзид.

Аз 19 июни соли 2011 то сентябри соли 2014 номзади илми фалсафа ва аз сентябри 2014 то ҳоло дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ, аз моҳи сентябри соли 2016 мудири кафедраи ҷомеашиносӣ фаъолият намудаст.

Аз моҳи феврали соли 2018 муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон ва аз моҳи январи соли 2021 мудири кафедраи ҷомеашиносӣ фаъолият мебарад.

 Соҳиби ду фарзанд.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *