АЗ ХАВФУ ХАТАРҲОИ ҶАҲОНИ МУОСИР ОГОҲ БОШЕМ!

Ҷаҳони муосир саршор аз рӯйдодҳои мухталиф ва зиддияту мухолифатҳост. Воқеан имрӯз инсоният ба мушкилоти зиёди глобалӣ, аз ҷумла, терроризму экстремизм, радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, ки ба ҳаёти мардумони сайёра ва амнияти давлатҳо ҷиддан таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гаштааст. Ҳар рӯз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан ҳаргиз раво нест.
Лозим ба ёдоварист, ки нисбатан муътадил гардидани авзои сиёсӣ дар кишварҳои Сурия ва Ироқ, хатари дар Афғонистон маскан гирифтани қувваҳои иртиҷоии террористӣ ва ноором намудани минтақа ба назар мерасанд. Тибқи расонаҳои хабарӣ дар ин кишвар имрӯз тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд ва бархе аз онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд. Масалан, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва ДИИШ, ки шумораи ҷангҷуён тақрибан ду ҳазорро ташкил медиҳад. “Шабакаи Ҳаққонӣ”-и экстремистӣ дар дохили ҳаракати “Толибон” мустақилияти амал ва робитаи мустаҳкамаш бо “Ал-Қоида”-ро ҳифз мекунад.
Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъд аз рафтани нерӯҳои низомии ИМА аз қаламрави Афғонистон вазъият дар ин кишвар мураккабу ҳалокатбор гашта, боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид. Дар Афғонистон ҳокимиятро ҳаракати «Толибон», яъне ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст ва фаъолияташро дар ҳудуди худ манъ кардааст, ба даст гирифта, вазъи ин кишварро душвору пурҳассос кардааст ва мамлакати бе он ҳам хароб гаштаро кунун аз ҷиҳати маънавию моддӣ боз ҳам рӯ ба таназзул мебаранд. Тарафдорони ин гурӯҳ айни замон ҳокимияти худро дар ин мамлакат ҷорӣ намуда, ба ваъдаҳои аввалаи худ истодагарӣ надоранд. Аз ҳама бештар ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар ин кишвар поймол гардида истодааст. Баробари ин дар давоми се моҳи охири соли равон дар ин кишвар амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд. Аз ҷумла, санаи 3 октябри соли равон дар масҷиди Идгоҳи Кобул, 8 октябр дар масҷиди шиаҳои ноҳияи Хонободи вилояти Қундуз аз ҷониби як маргталаб амали террористӣ содир шуд, ки дар натиҷа беш аз сад нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвар захмин шуданд. Инчунин ҷангҷӯёни ин кишвар рӯзи 15-уми октябр ба масҷиди шиаҳо дар Қандаҳор ҳамла карда, беш аз 130 нафарро захмӣ карданд. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки ДИИШ яке аз рақиби асосии ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон табдил меёбад, масъулияти ҳамла ба масҷиди дар боло зикршударо бар уҳда гирифтааст.
Инчунин субҳи 20-уми октябр дар пойтахти Афғонистон, дар чорроҳаи серодами Деҳмзанг инфиҷор рух дод ва 22 октябри соли равон бошад хатти
интиқоли барқи 220 кВт дар Қалъаи Муродбеки Кобул таркиш ба амал омада, дар натиҷа интиқоли барқ қатъ шуд.
Тибқи расонаҳои хабарии Афғонистон пас аз рафтани нерӯҳои низомии ИМА 17 ҳамлаи террористӣ ба қайд гирифта шудааст ва тақрибан 600 нафар аз таркишҳо дар пойтахти кишвар шаҳри Кобул, Нангарҳор, Парвон, Кунар ва Кундуз осеб дидаанд.
Бояд қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти афзоии кунунии Афғонистон, аз аввалинҳо шуда, дар масаоли сатҳи байналмилалӣ оид ба эътидол овардани вазъи Афғонистон тасмими шоистаро роҳандозӣ намуданд. Бахусус дар ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) пешниҳодҳои ҷолиби Пешвои миллат садо доданд, ки аз манфиат холӣ нестанд. Зимни баромади хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи кишвари моро доир ба қазияи Афғонистон эълон карданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии СММ дар пешбурди ин раванд ҳаст.
Бояд қайд кард, ки таҳкими сулҳ, амният, суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳимояи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои аъзои СҲШ ва СААД дар асоси дастаҷамъӣ, ҳадаф ва принсипҳои асосии созмон эътироф шудаанд ва дар шароити кунунӣ омили муҳими субот ва таъмини амнияти сарҳадоти давлатҳои аъзо медонанд. Мавриди зикр аст, ки яке аз самти муҳими давлатҳои узви СҲШ ин мубориза ба муқобили терроризм, сепаратизм, экстремизм ва ҳама гуна зуҳуроти номатлуб равона карда шудааст, ки бо ин мақсад моҳи январи соли 2004 Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии таъсис дода шудааст.Маркази кумитаи мазкур дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон фаъолият дорад ва дар доираи СҲШ пайваста машқҳои зиддитеррористӣ гузаронида мешаванд. Чунончӣ аз санаи 10 то 23 октябри соли равон се тамрини низомӣ дар машқгоҳҳои “Ҳарбмайдон” ва “Момирак”, ки бевосита дар наздикии сарҳад бо Афғонистон ҷойгиранд, баргузор мешаванд. Ин тамринҳо аз машқҳои воҳидҳои тадорукот ва роҳандозии иктишоф (разведка)“Поиск-2021”, воҳидҳои таъминоти моддӣ-техникии “Эшелон-2021” ва Нерӯҳои дастаҷамъии зудамал – “Взаимодействие-2021” иборатанд. Бояд қайд кард, ки дар ҷараёни тамрини махсуси “Эшелон-2021” санҷишу таҷрибаи масоили ташкили таъминоти моддиву техникии неруҳои дастаҷамъонаи давлатҳои узви СААД зимни омодагӣ ва иҷрои амалиёти муштарак мавриди озмоиш ва амал қарор дода мешаванд. Яке аз ҳадафҳои гузаронидани машқҳои муштарак дар доираи тамрини муштараки “Взаимодействие-2021” (Ҳамкории мутақобила) Неруҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД масоили омодагӣ ва баргузории амалиёти муштарак оид ба пешгирӣ ва қатъи низои мусаллаҳонаи сарҳадиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди озмоишу амал қарор додан аст.
Дар машқҳои махсуси “Эшелон”, “Ҷустуҷӯ-2021” (Поиск-2021) ва умуман дар машқҳои муштарак 4000 низомӣ аз Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбекистон ба он ҷалб карда мешаванд.Ҳамчунин дар машқҳои муштарак аз беш аз 500 адад техникаи ҳарбӣ, силоҳҳои пешрафта истифода мешаванд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ онро надоранд. Дар ин тамринҳо дар Тоҷикистон технологияҳои нави кашф ва нобуд кардани душман бо истифода аз радарҳои мобилӣ, дронҳои иктишофӣ ва зарбаҳо, снайперҳои дурзан ва системаҳои ҷанги электронӣ истифода бурда мешаванд. Ҳадафи чорабинии зикршуда санҷиши иҷрои вазифаҳо аз ҷониби нерӯҳои низомии ИДМ дар сурати номуътадил гардидани вазъият дар марз бо Афғонистон арзёбӣ мешавад.
Бо таҳлили воқеияти болозикр бо далел ва боварии комил гуфта метавонем, ки бо тасмигириҳои пуразиши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шахс боз руҳу қувваи нав гирифта, соҳибватан будани худро аз сидқи дил эҳсос менамояд. Воқеан тасмимгириҳои Сарвари кишвар дар сатҳи байналмилалӣ ва баргузории чорабиниҳои зикршуда, боиси баланд гардидани ҳисси ватандӯстии сокинон шуда, дар баробари ин ҷиҳати баланд бардоштани омодабошии ҷангии онҳо мусоидат менамояд ва масъулияти ҷавононро дар омодагии барои ҳимояи Ватани хеш даҳчанд боло мебардорад. Онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ медоранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон хоҳанд гашт.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *