ВАТАНИ ХУДРО АЗ ДАСИСАҲОИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ ЭМИН НИГАҲ ДОРЕМ!

Дар ин рӯзҳо дар расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзноманигорон, таҳлилгарон, сиёсатмадорон, сарварони ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои гуногун андешаҳои худро баён менамоянд. Мо низ худро бетараф нагузошта, ин навбат низ оид ба фаъолияти яке аз иғвогар бо номи ТТЭ ҲНИ андешаи хешро иброз медорем. Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки роҳбару аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо ҳар роҳу восита, мехоњанд, субботу оромӣ ва низоми ҷомеаи моро аз байн баранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ТТЭ ҲНИ ва пинњонкорињои аъзоёну таблиѓгару сияњкори он номи ҳизбро имруз Паймони миллӣ ном гузошта, нисбати миллату давлат тухми кинаву адоват кошта истодааст. Чунончӣ Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ҳизби мамнуъшудаи наҳзати Исломӣ ва ноибаш Алим Шерзамонов дар иғвоангезии навбатиашон, дар мавзуи фазилати Рамазон ва дигаре оид ба вазъи Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷилвасозӣ намуда, мисли пештара ба суханпардозиву дурӯғпаҳнкунӣ, иғвоангезӣ машғуланду дигар шуғле надоранд. Ин навбат низ дастоварҳои кишвари соҳибистиқлоламонро чун баромадҳои қаблиашон нодида гирифта, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро ба худ ҷалб карда, ба мақсади нопоки худ бирасанд. Бадхоҳони миллат дар давоми суханронӣ аз мавзӯъ дур гашта, доир ба дигар масъалаҳо иғвогарӣ намуданд. Аз ҷумла, доир ба маҳбусону муҳоҷирони меҳнат ва масоили дуруғгуӣ далелҳои беасос сухан намуда, дар бораи роњбарони фашистон, Гитлеру Гебелс ва китоби он, сухан кард. Дигаре бошад рушди босуръати Бадашонро нодиди мегирад. Пӯшида нест, ки ҳатто давлатҳои пешрафта ҳам камбудӣ доранд. Вале, бо танҳо камбудиро дар хориҷ гуфтан, одамонро ба гирдиҳамоӣ даъват намудан ва байни мардум иғво ангезондан камбудиҳо ҳал намегарданд. Мутаассифона, баъзе аз ҷавонони мо, ки дар хориҷ ҳастанд ва аз вазъи кунунии Тоҷикистон ба дараҷаи кофӣ хабардор нестанд, ба суханҳои ифротии ин иғвогарон бовар намуда истодаанд. Ҳол он, ки мо садҳо нафронро медонем, ки барои бовар намуданашон ба Кабирӣ ба роҳи ҷиноят рафтанашон пушаймон гаштаанд. Бинобар ин њар як ҷавони солимфикр доири ин масоил хулосабарорӣ намояд ва бояд дурандешу ботадбир бошад. Дар тарозуи ақли солим суду зиёни ҳар амали содиршударо холисона баркашад.
Мо насли калонсол ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои бадхоҳони миллат эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки шиори мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорӣ мебошад.

А.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *