БА ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ БО ДИДИ ОГОҲОНА НАЗАР КАРД!

Мо қаблан нисбати зуҳуроти номатлуби ҷомеа- терроризм ва экстремизм, бахусус вобаста вазъи ҳамсоякишвар-Афғонистон андешаҳои хешро иброз дошта будем.Ин навбат низ мушоҳидаву таҳлилҳоро дар бораи афзои имрузаи Афғонистон худро қайд менамоем, ки ҳаракати “Толибон” вазъи ин кишварро душвору пурҳассос карда, аз љиҳати маънавию моддӣ боз ҳам рӯ ба таназзул мебарад.
Баробари ин, мутаассифона, амалҳои террористи бештар ба назар мерасанд. Масалан дар давоми соли 2021 дар қаламравӣ Афѓонистон беш аз 17 ҳамлаи террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиљаи таркишҳо дар пойтахти кишвар шаҳри Кобул, Нангарҳор, Парвон, Кунар ва Кундуз тақрибан 600 нафар осеб дидаанд. Соли равон низ амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд.Барои тасдиқи ин гуфтаҳо бояд қайд кард, ки рузҳои ҷумъа дар Афғонистон содир шудани таркишҳои зиёд ба қайд гирифта мешаванд ва масъулияти анҷоми онро дар бисёри ҳолатҳо Давлати исломии Ироқу ШОМ ба уҳда мегирад. Аз ҷумла, нимаи моҳи феврал бар асари таркиш дар назди масҷиде дар вилояти Бодғиси Афғонистон 8 нафар ҳалок шуда, 20 нафар маҷруҳ гардиданд. Ин таркиш низ замоне сар задааст, ки намозгузорон баъд аз намози ҷумъа масҷидро тарк мекарданд. Инчунин 19 апрели соли равон дар ҳудуди муассисаи таълимии пойтахти Афғонистон, шаҳри Кобул се таркиши шадид рух дод, ки дар натиҷа 25 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамаи ин воқеияту руйдодҳо аз он таъкид менамояд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хаттари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот менамоянд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҷонии ҳар як сокини сайёра аст. Хулоса, воқеаҳои давраҳои охир бо сабаби пайванди таърихӣ ва ҳам марзи тӯлонии байнидавлатӣ водор менамояд, ки нисбати қазияҳои дохилии Афғонистон бефарқ набошем. Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд. Бинобар ин ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *