АЗ АМАЛҲОИ НАНГИНИ ТТЭ ҲНИ ОГОҲЕМ!

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрузҳо ба роҳбару аъзоёни ТТЭ ҲНИ ягона роҳ барои фаъолияташон дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст мезананд .Тудаи фейкҳояшонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода, гӯё «адолату ҳақиқатро»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанд.Чунончӣ, дар ҳафтаи аввали моҳи апрели охири соли равон хоинони миллат, бахусус Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамонов тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротии Паймони миллӣ бо навбат баромад намуда, пайваста туҳматҳоро ранги борон беасос бар сари миллати тоҷик рехтанд. Мақсади баромади навбатии Кабирию Алим Шерзамонов ин иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар аст. Ин навбат бадхоҳони миллат дар моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи сулҳу субот ва покӣ аз нифоқ аст ва бо даъвоҳои пучу беъманӣ ба мардум чеҳраи манфури худро нишон доданд. Баробари ин метавон қайд кард, ки мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои Кабирию Алим Шерзамонов барин афрод комилан бовар намекунанд ва умуман аз амалҳои нангини бадхоҳони миллат огоҳ шудаанд. Таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад.
Дар оянда низ вобаста ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон барем ва дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузорем, ки вазифаи муқаддаси мост.

Д.ҶОННАЗАРОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *