ВАБОИ АСРИ ХХI 

Имрўз ҷомеаи ҷаҳониро муаммои паҳншавии вабои нав? яъне COVID-19 ноором намуда ба сари мардумони олам мушкилот  ва бадбахтиҳои зиёде овардааст.  Айни ҳол дар саросари ҷаҳон зиёда аз 180 давлат бо ин вабо мубориза бурда истодааст.

Дар байни Осиёи Маркази бошад дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва  Қирғизистон ҳам аз ин вирус осебёфтагон низ мутассифона пайдо шудааст. Вақте имрӯз расонаҳои итилоотиро назора мекунем пай бурдан мумкин аст, ки барои баъзе “ашхосон” мавзӯи наве барои бӯҳтону воҳима шудааст.

Байни мардум тафриқа андохта истодаанд гӯё, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бемории COVID-19 ҳасту лекин онро пинҳон дошта истодаанд. Бархе аз гурўҳҳои ифротгаро дар хамин рўзҳои мушкил низ мехоҳанд, манфиатҳои сиёсии худро пайдо намоянд.  Мо имрӯз бояд садди рохи ин ашхосонро, ба монанди М. Кабирӣ ва дигаронро гирифта, боз як бори дигар вафодори ба халку миллати хеш будани худро ба ахли чомеа нишон диҳем. Бо ин гуфтаҳои худ шумо мардумро ба таҳаллука наандозед агар шумо хайрҳои мардуми тоҷик бошед пас чаро гуреза ҳастеду ба халқу миллати худ шумо кӯмак надоред.

Ба шумо барин худодорони бехудо таъкид карданиям, ки беҳтараш аз иғвоангезӣ парҳез намоеду дар ҳаққи давлату миллатамон дуо кунед то ин офат ба Ҷумҳурии азизи мо наояду тамоми беморони рӯйи ҷаҳон шифо ёбанд. Хушбахтона, то ҳол дар Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироятшави ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст. Имруз ягон нишонаи ҳолати сарзадани ин вирус дида нашудааст, аз тарафи далату ҳукумат чораҳои барвақти андешида шуда буд. Ва бо ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуда истодаанд.

Имрӯз моро зарур аст, ки ҳамеша ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем ва ба ҳангомаҳои беасосу бофтаи шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ бовар нанамоем. Бо сомонаҳои боэътимоду сарчашмаҳои муътабар кор кунем.

                                                                                            Дилафруз Ҳомидова, 

                                                                     корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *