Ҷавонон  алайҳи амалҳои террористию – эктремистии ҲНИ

 

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Дар чунин шароит терроризм ба бизнеси бисёр сердаромади миқёси глобалӣ, дорои «бозори кор» (зархаридон ва ғайра) ва ғайра табдил ёфтааст. Сабабҳои пайдоиши пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Пайдоиш ва фаъолияти яке аз ташкилотҳои тахрибкор ва ифротгаро, ки боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳуриамон гардид, ин ташкилогти террористии наҳзати исломӣ аст, ки имрӯз ҳама сокинони кишвари азизамон ин ташкилотро ҳамчун ташкилоти хоину ватанфурӯш ва сиёҳкор ном мебаранд. Албатта, чунин ном бурдани ин ташкилоти ҷосусӣ сабабҳоеро дорад, ки ба ҳама мардуми тоҷик маълуманд.

Роҳандозии амалиётҳои террористӣ – эктремистие, ки ин хиёнаткорони зархарид чандин маротиба дар қаламрави ҷумҳурӣ ба амал оварданд, хеле хатарнок буд, вале ҳушёриву зиракӣ ва кордонию маҳорати баланди касбии кормандони мақомоти қудратии кишварамон нагузоштанд, ки ин тахрибкорон ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Имрӯзҳо роҳбари ташкилоти террористии наҳзати ислом ва дигар пайравони гумроҳгаштааш дар мамлакатҳои хориҷа панаҳ бурда, тариқи шабакаҳои интернетӣ баромад намуда, аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хеш “натиҷагирӣ кардаву сухан” мегӯянд.

Аммо мо боварии комил дорем, ки ҳар як сокини Тоҷикистон, махсусан ҷавонони баору бонанг аз гузаштаи пурифтихори миллати ободгару созандаи худ сабақи мардонагӣ гирифтаанд ва ба ҳама он “гуфтаю баромадҳо” – и иғвоангезонаи хоинону ватанфурӯшон фирефта намегарданд ва сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, пайравони ҳақиқии ватандӯст будани худро дар хизмати содиқона ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол исбот менамоянд.

Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо омӯзгорон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ суҳбату вохӯриҳо оид ба пешгирӣ ва нагаравидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ доир гардида истодааст. Ҳамзамон оид ба он рӯзҳои мудҳише, ки фаъолияти ташкилоти террористии наҳзати ислом, ба сари миллати тоҷик овард, бори дигар ёдрас шуд.

Дар рафти суҳбату вохӯриҳо маълум гардид, ки дар маҷмӯъ, мардуми заҳматкашу фарҳангдӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати имрӯза ва дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра эътироф ва ҷонибдорӣ мекунанд. Агар саҳифаҳои таърихро варақ гардонем ва онро бо гузашта муқоиса намоем, мебинем, ки танҳо дар 15 – 20 соли охири даврони соҳибистиқлолӣ нисбат ба солҳои собиқ давлати шӯравӣ, ин диёри биҳиштосо ба чи пешравиҳои азим, махсусан дар соҳаи маориф бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ноил гаштааст. Зикр намудан ба маврид аст, ки танҳо дар соли гузашта 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст дар мамлакат сохта мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин иқдоми созанда дар солҳои минбаъда низ идома хоҳад ёфт.

Боиси ифтихор аст, ки ҳар сафари кории роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба худ файзу баракати беназир дорад. Иқдоми мазкур барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иқтисодию мадании ҳаёти сокинони ҳар як шаҳру ноҳия мусоидат хоҳад намуд. Мо – маорифчиёни кишвари азизамон дар ҳар як гуфтори Пешвои муаззами миллат, ғамхорӣ ва меҳрубонию дастгириҳоро нисбати соҳаи маориф эҳсос менамоем ва ифтихор аз он мекунем, ки ҳама ин ғамхориҳои шабонарӯзӣ барои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони кишвар нигаронида шудаст.

Мо ҷавонони Тоҷикистон амалҳои ғаразонаи Ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзатро маҳкум намуда, бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда мегӯем, ки Тоҷикистон ва халқи шарифи он дар партави сиёсати оқилона, одилона, содиқона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳомии иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон мебошад, дар фазои оромиву осудагӣ, тинҷию амони кору фаъолият ва зисту зиндагӣ намуда,  ҳеҷ қуввае ва ҳеҷ як ташкилоту гуруҳҳои ифротӣ наметавонанд, ки фазои оромиву осудагии кишвари моро халалдор намоянд.

Мо, аҳли ҷомеа бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Имрӯз мо, бахусус ҷавонон бояд ба омӯхтани илму аз худ намудани забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, ба пешрафту тараққиёти Ватани хеш дар якҷоягию ҳамбастагӣ ҳиссаи арзанда гузорем.

 

ассистенти кафедраи молшиносӣ

ва фаъолияти гумрукӣ

Холиқов Даврон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *