Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ аст. 

 

Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Тоҷикистон соҳиби сарватҳои табии нотакрор ва осорҳои таърихии бузург буда, барои инкишофи соҳаи сайёҳӣ шароитҳои мусоидро доро мебошад. Агар ба пешрафти давлатҳои мутараққӣ нигоҳ афканем, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои асосии даромади буҷети он мамлакатҳоро ташкил мекунад.

Дар дунёи ҷаҳонишавӣ ва зуҳури дигаргуниҳои куллӣ дар вазъи сиёсиву амниятӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳон доштани сарзамини амну ором ва соҳибистиқлоле ба номи Тоҷикистон, худ баёнгари саодат ва сарбаландии миллати мутамаддин ва соҳибфарҳанги тоҷик дар ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Дар шароити имрӯза кам кишварҳое ҳастанд, ки дорои сулҳу осоиш ва амнияти фикриву зеҳнӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ бошанд. Бо таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, рушди муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон таҳти консепсияи сиёсати хориҷии мамлакат, муаррифии кишвари ҳуқуқбунёд ба чашми аҳли сайёра, даъвати сармоягузорони хориҷӣ ва сайёҳони мамолики гуногуни дунё дар заминаи сиёсати дарҳои боз имкон фароҳам намудааст, ки мавқеъи Тоҷикистон ва имкониятҳову зарфиятҳои сайёҳии он, сайёҳон ва гардишгарони хориҷиро ба домони Тоҷикистон ҷалб намояд.

Дар давоми 29 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳузури сайёҳони хориҷӣро дар қаламрави Тоҷикистон бештар мегардонад. Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ мебошад ин имкон фароҳам намудааст, ки Тоҷикистон ва минтақаҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии он дар китоби харитаи сайёҳии ҷаҳон ворид гардад ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин ҳама минтақаҳои дорои аҳамияти сайёҳиву кӯҳҳои баланду обҳои мусаффо ва сокинони меҳмоннавозу башардӯсташ ҷаҳониён бишиносанд ва бо ин далел сайёҳону рӯзноманигорон дар ҳар ҷойи ҷаҳон ба Тоҷикистон сафар кунанд ва барои васоити ахбори оммаи кишварҳои худ хабару гузориш ва маълумотҳои хубу диданиро ба ҳадя баранд.

Соҳаи сайёҳӣ барои муаррифӣ намудани таърихи тӯлонӣ, фарҳанги гуногунранги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ имкониятҳо фароҳам меорад. Заминаҳои асосии рушди соҳаи сайёҳиро таҳқиқутадқиқ намудан ва системаҳои беҳтарини бастан датҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯро ҷорӣ кардан боиси густариши соҳаи сайёҳӣ мегардад. Аз ин лиҳоз дар ин мақола беҳтарин роҳу усули инкишофи соҳаи сайёҳӣ баррасӣ карда шудааст.

Ҳунарҳои мардумӣ аз қадимулайём дар байни халқи мо инкишоф ёфта, оммавӣ гаштааст. Хушбахтона, имрӯз барои ҳунармандон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зиёде фароҳам оварда шудааст. Гузаронидани озмуну фестивалҳо ва намоиши беҳтарин намунаҳои ҳунармандӣ барои ҳунармандон имконият медиҳад, ки истеъдоди хешро муаррифӣ карда тавонанд.

Таърих гувоҳаст, ки дар бисёре аз истилову ғоратҳои халқҳои гуногун, подшоҳони он давра беҳтарин ҳунармандонро асир гирифта барои сохтани қасрҳо, мақбараҳо ва дигар намудҳои меъмориву фарҳангӣ истифода мебурданд. Аз санъати ҳунармандон оқилона истифода мебурданд. Зеро дар тамаддуни кишвар ёдгориҳову маҷмааҳои таърихӣ нақши калон мебозанд. Дар мақолаи зерин доир ба беҳтар ин намудҳои ҳунарҳои мардумӣ маълумот дода мешавад ва роҳҳои беҳтарини тақвияти он мавриди муҳокима қарор мегирад.

Сайёҳиро ҳамчун соҳаи муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Точикистон ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабинихо барои барқароршавӣ ва рушди сайёҳии байналхалқӣ дар малакат, барои ташкили дастрасии ҷумҳурӣ барои ташрифории сайёҳони хориҷӣ, беҳтар намудани вазъи инфрасохторҳои сайёҳӣ ва санаторию курортӣ, ҷалби сармояҳо ва ҳамин тавр табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати аз ҷиҳати сайёҳӣ рушд ёфта якчанд қонуну қарорҳо қабул шудааст.

Дар бештар кишварҳо сайёҳӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвари иқтидори воқеӣ дорад. Бо дар назардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Тоҷикистони маҳбуби мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор аст. Аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Тоҷикистон объекти уникалии сайёҳии муосир мебошад, зеро дорои мероси бузурги маъданӣ, таърихӣ, маданияти хоса, мавқеи қуллаи ҷуғрофӣ, ландшафтҳои гуногуни табиӣ, минтақаҳои рекреатсионӣ, наботот ва ҳайвонот мебошад.

Сайёҳатҳо ба мақсади табобатӣ ва беҳдошти саломатӣ низ зиёд ташкил карда мешавад. Ин намуди саёҳатҳо хислати шахсӣ ва индувидиалӣ доранд. Асосан сайёҳонро барои табобат дар ин ё он минтақаҳои сайёҳӣ табибон тавсия мекунанд. Аз ин рӯ, барои ба вуҷуд омадани ин намуди сайёҳӣ нақши асосиро маълумотнокии намояндагони муассисаҳои тиббӣ дар бораи минтақаҳои сайёҳӣ ва табобати беҳдоштӣ мебозад.

Дар айни ҳол дар осоишгоҳҳои Ҳавотоғ, Хоҷаобигарм, Шоҳамбарӣ, Зумрад, Яроз, Оби гарм, Чилучорчашма, Гармчашма, ки оби гарму хунуки минералӣ дорад садҳо сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ истироҳат мекунанд ва ҳамчунин дар минтақаҳои сайёҳии Ромит, Варзоб, Балҷувон ва соҳилҳои обанбори Қайроқум дар тӯли даҳ соли охир истирохатгоҳҳои зиёде бунёд карда шуда истодааст, ки дар ин соҳаи сайёҳӣ ба сатҳи байналхалқӣ инкишоф дода, онро ба яке аз манбаи даромади дохилии Точикистон табдил додан имконпазир аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 125 иншоотҳои туристӣ ва самти санаторию истироҳатӣ дошта, аз ҷумла 51 меҳмонхона, 9 санатория вуҷуд дошта, қисми боқимондаро минтақаҳои истироҳатӣ, хонаҳои истироҳатӣ, базаҳои сайёҳӣ ташкил медиҳанд.

Курорти Хоҷа Обигарм – 42 километр дуртар аз Душанбе, баъди деҳаи Гушар роҳ ба тарафи курорти Хоҷа-Оби-Гарм (1790 – 1960 метр баланд аз сатҳи баҳр) мебарад. Аз шоҳроҳ то ба инҷо 6 км аст. Дар инҷо дар тӯли масофаи 400 метр қариб 40 чашма дида мешавад.

Санаторияи Шоҳамбарӣ – 26км дуртар аз ғарби шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад аз тарафи ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор дар баландии 1150м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Санатория барои табобати бемориҳои меъдаву рӯда, узвҳои хозима ва гурда ва як қатор бемориҳои даруниро табобат мекунад. Оби Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Шоҳамбарӣ» ба дардҳои ҳозима, меъдаю рӯда, талхаю ҷигар, касалиҳои буғумдард ва боз чандин бемориҳои дигар шифо мебахшад. Дар ин ҷо бо усулҳои гуногун, аз ҷумла шустани рӯдаҳо, гирифтани ванна, парафин, сӯзанзанӣ, физиотерапия, беморонро табобат мекунанд.

Чилучорчашма – дар Тоҷикистон ва дар Ӯзбекистони ҳамсоя хеле машҳур аст. Дар ин мавзеъ, ки дашту биёбон буд (то обёрӣ кардан ва сохтани шабакаҳои обёрӣ дар давраи шӯравӣ), аз таги теппаи начандон баланд панҷ чашмаи калон фаввора зада ба 39 чашмаи хурд тақсим мешавад. Оби ҳамаи чашмаҳо якҷоя шуда, ҷӯйбори калони васеъгиаш 12-13-метраро ташкил медиҳад ва дар он моҳии зиёде мавҷуд аст. Мароқовар аст, ки моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён намераванд, балки дар худи сарчашмаи обҳо дар масофаи 800-900 метр шино мекунанд. Барои рушди минбаъдаи мавзеи Чилучорчашма бунёди ҳарчи бештари иншооти замонавии ба талаботи сайру саёҳат ва зиёрат мувофиқ зарур аст.

Қизмазор ва Гармчашмаи муқаддаси Модиён кам касон мешиносанд, ки ҳамрадифи Гармчашмаи машҳури Ишкошим боз чашмаи хеле гарми мавзеи Модиён вуҷуд дорад, ки ҳамаи хусусиятҳои табобатиро дорад. Аз таги ду хоро санги якхела душохоби гарм фавворазанон баромада, поёнтар якҷоя шуда, ба кӯли пӯшида мерезанд. Дар ин ҷо идораи роҳсозии ноҳия бинои начандон калоне бо роҳрави мумфарш ва ҳавзи мураббаи зебо сохта шудааст. Атрофи бино марғзори сарсабз аст. Се хайма барои ниёзмандон дар хизмат аст.

Санаторияи «Оби гарм» -100 км дуртар аз тарафи шарқи шаҳри Душанбе дар водии кӯҳсори дарёи Оби айлак дар баландии 1300м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Дар санатория бемориҳои радикулит, полинервит, касалиҳои пӯст касалиҳои безурриётӣ ва ғайраҳо табобат карда мешаванд.

Санаторияи «Зумрад» -10 км дуртар аз шаҳри Исфара дар баландии 800м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Калонтарин санатория дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Омили асосии табобатии ин санатория муолиҷа бо лойи шифобахш мебошад. Санатория тамоми сол кор мекунад ва 350 ҷой дорад.

Санаторияи «Ҳавотоғ» -маънояш -ҳавои кӯҳӣ мебошад, 96км дуртар аз шаҳри Хуҷанд ва 24км дуртар аз шаҳри Истаравшан ҷойгир мебошад. Санатория барои табобати касалиҳои меъдаву рӯда, низоми асаб, касалиҳои пӯст ва дигар намуди касалиҳоро табобат мекунад.

Инчунин дар Тоҷикистон ҷойҳои таърихӣ бениҳоят зиёд мебошад. Қалъаи Ҳисор, мадрасаи Хоҷа Машҳад, Қалъаи Муғ, масҷиди Сари Мазор, масҷиди Кӯк–Гумбаз, мадрасаи Хоҷа Абдулатиф, масҷиди Шайх Муслиҳиддин, масҷиди Ҳазрати Шоҳ ва ғайраҳо беҳтарин ёдгориҳои таърихӣ маҳсуб меёбанд. Ёдгориҳои таърихӣ дар водии Ҳисор, Паҷакент, Кӯлоб, Истаравшан ва Хуҷанд бениҳоят зиёд мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки 93% – и сарзамини Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил мекунад. Инимконияти бузург барои тақвият бахшидани сайёҳии кӯҳнавардӣ, варзишӣ (алпинистӣ) ва истироҳатӣ мебошад. Дар солҳои охир Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст ва сол аз сол шумораи сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд шуда истодааст, яъне соли 1997-2100 нафар, 1998-3190 нафар, 2000-7673 нафар, 2002-6314 нафар, 2004-14297 нафар сайёҳи хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст ва ин нишондиҳанда сол то сол инкишоф меёбад. Маълумотҳои мавҷуда ҳаҷми хизматрасониҳои ширкатҳои сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он вобаста (нақлиёт, меҳмонхонаҳо, тарабхона ва ғайраҳо)-ро, дар соли 2004 қариб ба 20 млн сомонӣ баробар ба 7 млн. доллари ШМА-ро ташкил дод.

Иштироки ҳарсолаи корхонаю ширкатҳои туристии чумҳурӣ, дар намоишгоҳҳои байналмилиалии туристӣ, дар шаҳрҳои Берлин, Шанхай, Москва, Алмато ва Тошканд баргузор гардида, инчунин нашри китобҳою варақаҳои махсус, таҳияи филмҳои видеоӣ ва кушодани саҳифаи махсус дар шабакаи интернет, иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чандин чорабиниҳои байналмилиалӣ имкон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари дорои захираҳои бойи сайёҳӣ, шаҳодат медиҳад.

Кафедраи  молшиносӣ  ва

 фаъолияти  гумрукӣ           муаллими калон :  Исоев Ҳ.И.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *