ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯНДА БОД!

Хоби орому осуда, хандаи беғаши кӯдакону модарон гул-гул шукуфоии Ватан, тулӯи офтоби заррин, амалишавии ниятҳову орзуҳо, бунёдкориву тараққиёту пешрафти меҳани маҳбубамон аз Ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад ва идома меёбад.
Дар ин бора Шоири халқии Тоҷикистон устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода мегӯянд:
Сулҳ дар гул- гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.
Бо туфайли пойдории Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизамон кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ, наврасон дар мактабҳои миёнаи умумӣ, донишҷӯён дар колеҷу донишгоҳу донишкадаҳои ватанӣ ва хориҷӣ илму дониш, касбу ҳунар омӯхта истодаанд. Ҳамчунин мутахассисони ҷавон дар соҳаи маориф фаъолият карда ба дастовардҳои назарраси омӯзгорӣ ноил низ мешаванд, ки боиси аҳсану офарин ҳастанд.
Рӯз то рӯз зиёд шудани ҷойҳои кории холӣ ва бо корҳои доимӣ таъмин гардидани корҷӯён, бо заминҳои назди ҳавлигӣ, бо хонаҳои наву замонавии истиқоматӣ таъмин шудани оилаҳои ниёзманд, мумфарш гаштани роҳҳо, навсозӣ шудани боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, бисёр намудани боғҳои кишоварзӣ, аз заминҳои шкиштзор, аз дарахтони мевадор рӯёнидани ҳосилаҳои зиёд яке аз дастоваррдҳои беназири Ваҳдати миллӣ мебошад.
Ҳамзамон, Тоҷикистон имрӯзҳо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳхоҳу сулҳҷӯ эътироф гашта, дар ин замина ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба роҳ мондааст. Сатҳи зисту зиндагонии мардум ҳам хеле беҳтар гардида, ба давлатҳои хориҷӣ барои кору таҳсил ва истироҳат мераванд. Ҳамеша аз тинҷиву осудагӣ шукрона мегӯянду наврасону ҷавононро дар руҳияи дӯст доштани меҳан ва хизмат ба халқу ватан тарбия менамоянд.
Бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки бо туфайли Ваҳдати миллӣ ва якдигарфаҳмии ҳамешагӣ бо ташаббуси пайвастаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин нерӯгоҳҳои хурду бузург бунёд ва азнавсозӣ гардиданд, ки бо ин васила хонаҳои мардум бо барқи доимӣ таъмин мебошанд. Инчунин ба кишварҳои ҳамсоя бо нерӯи барқ, ки аз ҷиҳати экологӣ тозаву безарар ҳастанд, таъмин дар вақтҳои зарурӣ таъмин менамоянд.
Ҳамаи ин пешрафту тараққиёти Тоҷикистон самараи 25 соли Ваҳдати миллӣ мебошад, ки чун гавҳараки чашм эҳтиёту эҳтиром намудан вазифаи хурду бузург ба маҳсуб меёбад.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *