ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ нисбат ба баромадҳои хоинони миллат дар барномаи “ZOOM“(аз 28.06.2022)

Мо омӯзгорони кафедра тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бохабар ҳастем,ки ин навбат санаи 28 июни соли равон роҳбари ТТЭ ҲНИ Мухиддин Кабирӣ, муовинаш Алим Шерзамонов бо ҷалби думрави навинаш фарде бо номи Стив Свердлов, ки корманди Донишгоҳи Колумбия шаҳри Ню-Йорки ИМА мебошад, аз афзалияту имконияти шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, дар барномаи “ZOOM“доир ба масоили рушду раванди давлатдорӣ, фаъолияти имрузаи рохбарияти олии кишвар, Ваҳдати миллӣ, ҳодисаҳои Хоруғу Рушон ва Украина баромад намуда,боз суханҳои носолими худро пеша намуданд. Бо ин васила аз пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд.
Бояд ёдовар шуд, ки ба кишвари Аврупо гурехтани Кабирию наздиконаш ва аз дасти хориҷиҳо дастгири ёфтанаш ба ҳамин омилҳо ишорат мекунад, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дастнишондаи дасти террористони байналмилалист. Имрӯз ҳизбро ба “Паймони миллӣ”(ПМ) номгузорӣ карда, боз аз пайи ҳамон корҳои ифлосаш даст мезанад. Аслан симои аслии Кабирӣ, Алим Шерзамонов ва аъзоёну пайравони ТТЭ ҲНИ-ПМ ошкор аст. Маълум аст, ки “Паймони миллӣ..” аслан ҳамон ТТЭ ҲНИ асту баҳри расидан ба мақсади худ ҳам ифротиву ҳам иртиҷоӣ аст.
Вақтҳои охир М.Кабирӣ, А.Шерзамонов ва пайравонаш агар рӯзе нисбати Тоҷикистон туҳмату буҳтон наяфкананд ором намегиранд ва корашон танҳо кофтукоби айби касон аст. Намедонанд, ки имрӯз андешаи ватандӯстию меҳанпарастии мардумони кишвар нисбат аз солҳои 90-уми асри гузашта фарқияти калон дорад. Бинобар ин, ба хоинони миллатро бори дигар хотиррасон менамоем, ки имрӯз дар Тоҷикистон имконият ва захираҳои бузург баҳри таъмини амну субот арзи вуҷуд доранд. Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад. Нақшаву барномаҳои қабулгардидаи кишвари мо доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд. Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ сокинони мамлакат яке аз ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – 25 солагии Ваҳдати миллӣ-ро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намуданд. Имрузҳо мардуми кишвар дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебаранд ва дастовардҳои дар тӯли беш аз 30 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунанд.
Мо омузгорони кафедра рӯз то рӯз аз файзу самараи Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ баҳравар ҳастем, рӯзгори худро осудаҳолона пеш бурда, имрӯзу ҳамавақт амалҳои номатлуби нафарони хоинони миллатро маҳкум менамоем. Хулоса, нагузорем, ки ин мунофиқони беимон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *