ВАҲДАТ – КАФИЛИ САРҶАМЪИВУ ХУШБАХТИИ ИМРӮЗУ ОЯНДАИ ХАЛҚАМОН АСТ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд карданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо алакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».
Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте дар Ватани азизамон Сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳеҷ кас наметавонд ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад.
Аз ин хотир, ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар бояд ин неъмати илоҳиро қадр намояд, дӯст дорад ва эҳтиром намояд, зеро бо доштани ин ганҷи Қорун миллату сарзамини мо ҳамешабаҳор мемонад.
Моро мебоист Сулҳу ваҳдатро дар шуур ва қалби наслҳои оянда бо як меҳру муҳаббат парвариш намоем, то ин ки онҳо низ саҳми арзандаи хешро содиқона дар рушду нумуи кишвари маҳбубамон гузоранд.
Ваҳдат барои ҳар як халқи тоҷик яке аз арзишҳои муқаддас ва муҳиму азиз мебошад.
Бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мо имконият пайдо кардем,ки бо таърихи қадимаи миллатамон бештар шинос шавем.Гузаштагонро ҷустуҷӯ кунем ва ёдгориҳои таърихиву фарҳангиамонро ҳифз намуда, ҳуввияти миллиамонро эҳтиром намоем ва эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро дар арсаи байналхалқӣ ва байналмилалӣ баланд бардорем
Имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст,ки гузоштани саҳм дар роҳи Сулҳ ва устувории Ваҳдати миллӣ, мо метавонем сатҳи зиндагии мардумро баланд бардошта, рушди минбаъдаи Тоҷикистони биҳиштосоямонро таъмин намоем.

А.ВАЛИЕВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *