ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – МАРОМИ МОСТ!

Рӯзи 27-июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гардид. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш боиси эҳёи маънавиёт ва иқтисодиёти ҳозираву ояндаи рахшони Тоҷикистон аст.
Нақши Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар муттаҳид намудани ҳамватанон ва аз хатари нобудӣ наҷот бахшидани давлати навини тоҷикон бағоят бузург буда, он ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлоли кишвар бояд ҳамеша мавриди омӯзиш ва арҷгузорӣ қарор дода шавад.
Таърих гувоҳ аст, ки дар солҳои 1992-юм ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуда гузашт. Дар ҳамон вазъияти басо сангин 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва ҳамин самараи Ваҳдати миллӣ аст, ки имрӯз бо ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат рушд ёфта, зиндагии мардум беҳ гардидааст.
Аз ин рӯ, мо маорифчиёнро мебояд, ки баҳри ҷалби ҳарчи бештари насли наврасу ҷавон ба донишандӯзӣ ва роҳнамоӣ намудану тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ саъю талош варзем ва Ваҳдати миллиамонро ҳамеша поянда нигоҳ дорем.
Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *