ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ

Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон хастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзи мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоқик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷӣ кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб сохмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳзои ҷаҳон мепайвандад.

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Хулоса, чун як фарзанди бонангу баномус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор метавонам гӯям. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *