ВАҲДАТ – ИТТИҲОДИ МИЛЛАТ

Имсол мо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдўсти мо мебошад, қарор дорем. Рўзи Ваҳдати миллӣ санаи таърихие мебошад, ки ба кишвари ҷангзада ва мардуми парешону овораи мо сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ овард. Ваҳдати миллӣ-дар айни замон ин таҷдиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии кишвар, инчунин ҳифзи он уҳдадории умумии мо барои фардои миллатамон ба ҳисоб меравад.
Боиси ифтихору қаноатмандист, ки аз оғози соҳибистиқлолии давлатамон талошу пайкори мардуми мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият, таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангиамон равона гардидааст. Раванди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ мебошад.
Мо бояд фаромўш насозем, ки дар оғози солҳои навадуми асри гузашта давлати тозаистиклоли мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда буд. Тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатамон ва иқтисодиёти миллӣ фалаҷ гардида, давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Вале, хушбахтона мардуми шарифи тоҷик бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз ин варта наҷот ёфта, қадам ба сўи пешрафту ободонӣ гузорад. Маҳз бо азму талошҳо, фидокориҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзи 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаи устувори пойдории сулҳу беҳ гардонидани шароити иҷтимоӣ, рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат гардида, дар як муддати кўтоҳ дар ҷумҳурӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд.
Ҳамин тариқ, рўзи мубораки ба имзо расидани санади муҳими таърихӣ- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо Рўзи Ваҳдати миллӣ ном гирифт. Зеро он хатареро, ки ба истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва ба ягонагии миллати мо таҳдид мекард, аз байн бурд. Ва маҳз аз ҳамон давра инҷониб мардуми Тоҷикистон ваҳдати миллиро ҳамчун заминаи асосии пешрафти ҷомеа пазируфта, барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрат ҷидду ҷаҳд карда истодаанд.
Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад. Зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳоямон, ки ҳар яки мо бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ будем, заминаи воқеӣ гузошт. Имрўз мо, ваҳдати миллиро, ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод карда ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем. Мо вазифадорем, ки ба хотири Ватани азиз, ин марзу буми муқаддас, барои пойдории озодиву соҳибихтиёрӣ ва ободиву оромии он дучанд заҳмат кашем ва обрӯи онро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.

Ф.МАМАДҶОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *