БУҲТОНИ НАВБАТИИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

Роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ, муовинаш А.Шерзамонов ва ҳаммаслаконаш имрӯз дар кишвари Аврупо пагноњӣ ёфта, тавассути шабакањои иљтимоӣ, асосан дар барномаи ифротии “Паймони миллӣ” (ПМ) бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофад. Ягона роҳ барои фаъолияти имрӯзаи ТТЭ ҲНИ-ПМ дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки роҳбарияти он хоса Мухиддин Кабирӣ ва муовинаш Алим Шерзамонов аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд. Амалҳои ин беватанон, ки ӯро ба тоҷик гуфтан забон намегардад, аз хориҷи кишвар истода ба халқи худ, миллати худ санги маломат мепартоянд. Ин навбат душманони миллат-Мухиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамонов, санаи 28 июни соли ҷорӣ, тавассути барномаи “ZOOM” бо ҷалби думрави наваш, нафаре бо номи Стив Свердлов, ки яке аз кормандони Донишгоҳи Колумбияи ш.Ню-Йорк мебошад оид ба масъалаи Ваҳдати миллӣ, қазияи Хоруғу Рӯшон ва Украина бо забони русӣ баромад намуданд. Аз баромади А.Шерзамонов ҳар як бинанда пай мебарад, ки зимни суханрониаш ӯ бемантиқу беасос бо забони русӣ гап зада, ба хатогиҳои имлоӣ, талаффузи нодуруст, фикрашро баён карда натавонист.Таъкидан ба Шерзамонов А. гуфтанием, ки худро азоб надода,бо забони модариаш сухан мегуфт. Ба андешаи мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, умуман дар минбарҳои сатҳаш гуногун, ҳар шахс бояд бехатогии ҷиддӣ бояд сухан гӯяд. Мо ба сухангуии шахсии Шерзамонов Алим кордор нестем. Вале, гап дар он аст, ки дар ин ҳолат аз номи миллати тоҷик сухан меравад. Обрую эътибори миллати мо аз ҳама воло аст! Бинобар ин, Шерзамонов А. бояд ба худ хулоса барорад!
Инчунин М. Кабирӣ низ бо забони русӣ сухан намуд, ки аз А.Шерзамонов дида, нисбатан хатогиаш камтар бошад ҳам, имруз боз худро чун солҳои қаблӣ “сиёсатмадор” нишон дода, аз номи мардуми Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти сиёсии роҳбари Федератсияи Русия сухани ноҷоя гуфта, ғайбату тӯҳмати иғвогарона кард, ки ин барои миллати мо хос нест ва нобахшаданист! Таъкид хотиррасон менамоем, ки ғайбат ҳаром аст, мо айбро дар худамон ҷӯйем на инки ғайбат кунем! Умуман аз хатои дигарон ҷустан, бояд хиҷолат кард. Дар робита ба ин бузургон таъкид кардаанд:
Хатои мо чӣ меҷуйӣ, даме аҳли хиҷолат бош.
Маро танҳо Худо донад, гунаҳкорам ва ё суфӣ,
Воқеан вақт довар аст ва офтобро бо доман пӯшида намешавад. Имрӯз ҳама хуб медонанд, ки роҳбариятиТТЭ ЊНИ-ПМ ва пайравону аъзоёни он, кистанд ва чӣ ният доранд!
Мо дар интињои андешаи хеш буҳтони навбатии беасоси душманони миллатро шадидан маҳкум менамоем.
Имрӯз тафаккури миллати боору номуси тоҷик тафаккури созандагӣ буда, зидди роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ –ПМ буд, ҳаст ва мемонад. Воқеан имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили душманони миллат муборизаи беамон бурда истодаанд ва дар оянда низ њоњанд бурд.
М.АХМЕДОВ,
сармуаллими кафедраи математекаи олӣ
ва технологияњои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *