ВАҲДАТ БАҚОИ МИЛЛАТ АСТ

Миллатҳои мутамаддин ва пешрафта ҳамеша бо андешаи фарҳанги сулҳ гуфтугӯ анҷом медиҳанд, ки он баландтарин арзиши маънавии умумибашарӣ буда, бунёди онро хиради инсонӣ ташкил медиҳад. Дар фарҳанги сулҳ аз замоне, ки инсоният худро шинохт ҳамеша осоиш ва оромӣ ташвиқ шуда, зӯроварию харобкорӣ ва куштори инсон аз тарафи инсон доимо маҳкум гардидааст.

Паймудани роҳи душвор ва пур аз нишебу фарози сулҳу ваҳат дар Тоҷикистон кори осон ва сода набуд. Зеро доираҳои муайяни сиёсӣ ва гуруҳҳои бадхоҳи миллат бо ҳар роҳу восита мехостанд аз бесарусомониҳои Тоҷикистон манфиат бардоранд. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон мардона, бо иродаи матини сиёсӣ ва сарбаландона аз обу оташ гузашта, якҷо бо миллати хеш ин роҳи мақсудро паймуд. Аз он рӯзи таърихӣ ҳамакнун 25 сол сипарӣ мешавад. солҳо мегузаранд, зиндагӣ ба маҷрои тозатаре ворид мешавад, аммо нақши сарнавиштсози ин рӯз, рисолати таърихии он арзиши бештаре касб мекунад.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 27 июнро ҳамчун рӯзи Ваҳат бо арзи шукргузорӣ аз фазои ороми Ватан ҷашн мегиранд. Рӯзи ваҳатро аз муҳимтарин дастовардҳои истиқлолияти кишвар метавон ҳисоб кард ва дар қатори дигар санаҳои таърихии миллати мо барои ҳар фарди тоҷикистонӣ муқаддас аст. Ин рӯз дар шумори беҳтарин рӯзҳои босаодати миллати мост. Зеро баъдиин рӯз мо эҳсос кардем, ки кишвар ва миллати мо аз нестӣ раҳоӣ меёбад. Шарораи умеде дар дили ҳамагон фурӯзон мегашт ва муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ ҷойи душманиву тафриқаафканиро мегирифт. Бинобар ин, ҳар фарди бедордилу ватандӯст, ки обу хоки Ватани аҷдодӣ – Тоҷикистон барояш азиз аст, бояд сулҳу оромӣ ва ваҳату ягонагиро чун гавҳараки чашми хеш ҳифз намояд ва барои таҳкими бештари он талош варзад, то насли ҷавони давронсози мо бо осоиш ва хотири ҷамъ дар он зиндагӣ ва кор кунанд.

Вазъи ороми сиёсӣ боиси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар кишвар мегардад, ки ин ҳақиқати бебаҳс аст. Тоҷикистон низ аз масири нооромӣ берун рафт ва ба роҳи бунёдкориву созандагӣ қадам гузошт. Паёмади сулҳу Ваҳат дар Тоҷикистон ин буд, ки барои таҳия ва қабули қонунҳо оид ба демократикунонии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати ҳуқуқи иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, эҷод, озодии виҷдон, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, моликият, ташкил ва пойдории оила, ҳуқуқ ба меҳнат, манзил, истироҳат ва ғайра шароити мусоид ба вуҷуд омад. Созмонҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, динӣ ва воситаҳои ахбори омма озодона ба фаъолият оғоз карда, давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намуданд.

Ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар тамоми қувваҳои солими ватанро ба хотири сулҳу ваҳат, таъмини амният ва ризоияти ҷомеа дар атрофии худ муттаҳид сохта, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии мавҷудбударо давра ба давра бо барномарезиҳои мушаххас ҳаллу фасл менамоянд.

Шояд 25 сол пеш аз ин касе тасаввур карда наметавонист, ки роҳҳои минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон аз ҳолати мавсимӣ ба доимоамалкунанда мубаддал мегарданд. Дар тӯли таърих роҳҳо на танҳо рисолати тиҷоратӣ ва сиёсӣ доштанд, балки робитаи фарҳангии инсонҳоро низ таъмин мекарданд. Бо дар назардошти ин рисолати роҳҳо роҳбарияти олии кишвар тамоми кӯшиши хешро ба он равона кард, ки пойтахтро бо тамоми манотиқи кишвар бипайвандонанд, ки бешак ин амал на танҳо аҳамияти сиёсӣ, инчунин ахлоқӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ низ дорад.

Паёмади дигари сулҳу Ваҳат дар кишвар ин рушди соҳаи маориф, фарҳанг ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Ба ҳамагон маълум буд, ки дар замони нооромиҳо дар Тоҷикистон мактабу маориф дар чи ҳоле қарор доштанд. Бо фаро расидани фазои сулҳу Ваҳат Президенти кишвар барои аз вазъи ногувор раҳоӣ додани мактабу маориф тамоми талошҳои худро ба харҷ дод, зеро медонист, ки дар сарзамине, ки илму дониш нест, дар он ҷо ҷаҳолат ва ақибмондагӣ ҳукмронӣ мекунад. Ҳоло дар гӯшаҳои дурдасти Тоҷикистон мактабҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта шудаанд ва мешаванд.

Ба шарофати сулҳу Ваҳат имрӯзҳо Тоҷикистон узви тамоми ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳон гашта, дар татбиқи барномаҳои созмонҳову иттиҳодияҳои байналмилалӣ бо дарназардошти манфиатҳои милливу давлатӣ ширкат менамояд. Ба ин сабаб ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ояндаи Тоҷикистон хушбин буда, бо боварӣ муносибат карда, дар баланд бардоштани иқтисодиёти кишварамон саҳмгузорӣ мекунанд.

Дар солҳои охир падидаи экстремизм ва бунёдгароии мазҳабӣ ҷаҳонро ба даҳшат овардааст. Ин падидаи номатлуб ба мисли ҷинояткории муташаккил ба ягон миллат ва дин робитае надорад ва онҳо бархоста аз андешаҳои зиддибашарӣ ва зиддидинии гурӯҳҳои худкома ва дур аз маърифати инсонӣ мебошанд. Тоҷикистон, ки аз гирдоби балои экстремизм ва оташи бунёдгароии мазҳабӣ бо хиради азалии миллат ва роҳнамоии пешвои худ раҳоидааст, дар таҳкими бештари сулҳу Ваҳат фарзандони далеру фарзонааш талошҳо ба харҷ медиҳанд.

Дар фазои Ваҳат замони эҳёи давлатдории миллӣ, созандагӣ ва рушди Ватани азизамон идома дорад ва аз ин даврони босаодат, ки ҳазор сол баъд аз Сомониён насиби миллати тоҷик гардидааст, бояд қадру шукргузорӣ кард.

Дар ҳақикат ҷои ифтихор ва шукргузорист, ки Ватани соҳибистиқлоли мо-Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замони навин ва ҷомеаи пешрафтаи дунё ҳамқадам гардида, ҳам аз лиҳозу тамаддуну сиёсат, иҷтимоиёту иқтисодиёт ва фарҳангии комил пайдо намуда истодааст.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *