МО ТАРАФДОРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ПОЙДОРИИ АМНИЯТ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН МЕБОШЕМ!

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит месозанд,ки моҳҳои охири соли равон бархе аз кӯрнамакон, душманони миллат, масалан яке аз аъзои ТТЭ ҲНИ Муҳамадиқболи Садриддини бешараф ва дигаре думрав бо номи Абдураҳмон, ки дар кишварҳои Афрупо паноҳ ёфта, оид ба ҳодисаи дар ноҳияи Рушону Роштқалъа ва гирдиҳамоии ғайриқонунӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ сарзада рангубори сиёсӣ дода, мехоҳанд оромиву сулҳу суботи моро халалдор намоянд. Гӯё, ки худро “қаҳрамон” месозанд. Аслан қаҳрамонӣ ин аст, ки барои пешрафту ободии ватан сулҳу суботи ҷомеа ва манфиати мардум мардона ва софдилона талош варзидан аст. Лекин ин хоинони миллат, тавассути шабакаи иҷтимоӣ баромад намуда, мехоҳанд ба ниятҳои ғаразонаву нопоки худ байни мардум “қаҳрамон” шаванд. Ин бешубҳа ба ғояҳои ҳаракати “Толибон” хеле мувофиқ аст. Гарчанде “Толибон” ба сари қудрат омадаанд, вале аз ғояҳои террористиву экстремистии худ даст накашидаанд. Ва мехоҳанд ба ҳар роҳу васила он ғояҳоро дар Тоҷикистон паҳн намоянд. Бояд қайд кард, ки ин душманони миллат аз воқеияти ҳол бехабаранд. Рӯзе мерасад, ки ин иғвогириҳояшон боиси пушаймонии худашон хоҳад гашт. Мо ҳеҷ гоҳ тарафдори паст задани шаъну шарафи инсони бегуноҳ нестем. Ман ҳамчун як ҷавон рафтору гуфтори Муҳамадиқболи Садриддин ва Абдураҳмонро маҳкум менамоям ва боварӣ дорам, ки бисёре аз ҷавонон низ ин амали онҳоро маҳкум менамоянд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки мардуми осоиштаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, аз шањри Хоруғ, ноҳияи Дарвоз то ноҳияи Мурғоб, ҳама ба муқобили гуруњњои муташаккили ҷиноятӣ ва ҳамагуна созмони ифротӣ мебошанд.
Имруз аҳолии ВМКБ аз фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ розиянд ва ҳаматарафа онҳоро дастгирӣ намуда истодаанд, мардум ба суханҳои бадхоҳони миллат дигар гӯш намедиҳанд. Бадахшон марзу бум ва хоки аҷдодии мост ва мардуми сарбаланду бономуси ин минтақаи зебоманзар ҳаргиз зидди манфиатҳои миллию давлатӣ набаромадаанд ва нохоҳанд баромад.
Мо мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим то ба ҳол тарафдори ҳеҷ як ҷинояткор набудем ва хоҳони он ҳастем, ки ҷинояткор бе ҷазо намонад.
Хушбахтона дар ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо сулҳу субот пойдор аст ва мо тарафдори сулҳу субот ва пойдории амният дар минтақа ва ҷаҳон мебошем.
Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *