МО ҶАВОНОН БАРОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ОБРӮВУ НУФУЗИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ КӮШИШ БА ХАРҶ МЕДИҲЕМ!

Мусаллам аст, ки аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то ба имрӯз Ҳукумати мамлакат ба ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Лекин, мутаассифона, ҳастанд ҷавононе, ки ҳамаи неъматҳои арзишмандро сарфи назар намуда, ба номи Ватан-модар доғ меоранд. Мо дар робита ба ин борҳо нисбати ҷавонони ноогҳ мисолҳои зиёдро овардаем. Ин навбат фарде бо номи Абдураҳмон, ки имруз дар шаҳри Милани кишвари Италия қарор дорад, ки хоҷаи хориҷиаш аз камтаҷрибаиаш истифода намуда, ӯро ба доми фиребу найранги худ кашидааст. Дар моҳи майи соли равон Абдураҳмон тибқи супориши навбатии хоҷааш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар баромадҳои ифротиаш, оид ба қазияи Рӯшон ва Хоруғи ВМКБ хабару маълумотҳои бардуруғро паҳн намуда, бо ин васила оромии минтақаро вайрон намудан кӯшиш намуд.Нангинтар ин аст, ки хочагони ҳориҷӣ асосан амалҳои номатлубро бо дасти фарзандони миллатамон анҷом медиҳанд. Бояд ёдовар шуд, ки солҳои 90-уми асри гузашта кишвари мо ба майдони бархурди манфиатҳои давлатҳои алоҳида ва гуруҳҳои сиёсӣ табдил ёфта буд. Оқибат ватани мо валангор ва миллатамон пароканда шуд. Фарзандони модари моробо ҳам ҷанг андохтанд ва худ тамошобин шуданд. Интизори он буданд, ки мо дигар ба сулҳу осоиштагӣ намерасем. Ин сабақи рӯзгор аст барои мо-ҷавонон. Набояд фаромӯш созем, ки Ватани моро ғайр аз мо дигар ҳеҷ касс обод намекунад.Ватани мо танҳо барои мо азизу муқаддас аст ва барои дигарон ҷойи ба даст овардани манфиат. Имруз ҳо низ хоҷагон, хулоса давлатҳои ба ҳамагон маълум “дӯстнамо”аз ин мақсадашон даст накашидаанд. Бинобар ин, кишвари мо, умуман ҷаҳони муосир тақозои онро дорад, ки ҷавонон қувваи ҷисмонӣ ва ақлу зеҳнии қавӣ дошта бошанд.Зеро илму дониш,ақидаву идеяҳои нав яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат маҳсуб меёбанд. Пас, мо бояд бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошем, талаботи замонро эҳсос намоем, аз дастовардҳои илму техникаи муосир қафо намонда,чун ворисони арзандаи миллату давлат барои имрӯзу фардои дурахшон, пешрафт ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳон саъю кӯшиш ба харҷ диҳем.
Т.САЛИМОВ,
сармутахассис оид
ба сомонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *