Ҳушёру зирак бошем  ва ба трасу ҳарос ва воҳимаҳо дода нашавем!

 

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро хатари бемории короновирус таҳдид менамояд ва босуръат паҳн гардидани ин вабои аср вазъи бе ин ҳам мураккаби ҷаҳонро боз ҳам мураккабу печида гардонидааст.

Мутассифона ин беморӣ ба кишварҳои хурду бузурги олам ва ҳатто давлатҳои аз лиҳози техникиву технологӣ пешрафта зиёни сахти ҷониву молӣ расонид. Вазъият ба дараҷае нигаронкунанда аст, ки Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар ҳамаи 50 штати кишвари худ, яъне дар тамоми қаламрави мамлакат низоми “фоҷиа ё бадбахтии бузург” эълон кард.

Мо ҳама хуб медонем, ки Ҳукумати кишвар аз оғози сар задани ин вабо тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешид, то ки он дар кишвари мо паҳн нагардад ва ба мардуми мо сироят накунад.

Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи саломатии мардум эътибори аввалиндаҷа медиҳад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар доираи нақшаи корҳои созандагӣ ба ифтихори сисолагии истиқлолияти давлатӣ тайи солҳои 2018-2019 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ 253 муассисаи нави тандурустӣ бунёд ва 466 муассиса таъмиру таҷдид гардида, илова бар ин, то ҷашни бузурги миллиамон бунёди боз 163 муассисаи тандурустӣ ва таъмиру азнавсозии 125 муассиса ба анҷом расонида мешавад.

Ҳамаи ин муассисаҳои тиббӣ пеш аз ҳама ба хотири пешгирӣ кардани ҳама гуна бемориҳо, дар навбати аввал, бемориҳои сироятӣ ва ҳимояи ҳарчи беҳтари тандурустии аҳолии кишвар самаранок истифода хоҳанд шуд.

Аз расонаҳои иттилоотӣ маълум мегардад, ки ҳоло бемории коронавирус дар беш аз 200 кишвари дунё паҳн гардидааст. Албатта, дар кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст ва мо набояд нисбати он бепарво бошем. Тавре Пешвои миллат дар ҷаласаи фаврӣ оид ба пешгирии ин вабои аср таъкид намуданд: “Мо набояд аз ин, ки чунин беморӣ дар кишвари мо вуҷуд надорад, хушҳоливу хурсандӣ кунем. Мо набояд тамошобини рӯзҳои сахти дигарон бошем. Баръакс, мо бояд ба он омода бошем, ки чунин озмоиши тақдир ё лаҳзаҳои душвор метавонанд дар кишвари мо низ ба вуҷуд оянд. Аз ин лиҳоз, мо ҳамчун миллати бостониву соҳибфарҳанг бо мардумони мамолики дунё, хусусан, ҳамсояҳои наздики худ эҳсоси ҳамдардӣ дошта бошем ва дар доираи имкон ба онҳо дастгириву кумак расонем”.

Дар идомаи суханронии худ роҳбари Сарвари кишвар зикр намуданд, ки агар мо ба тарсу ҳарос ва воҳимаю таҳлука афтода, кор накунем, вазъияти худамонро боз ҳам вазнин мекунем ва талафоту зиёни чунин кор аз хисороти бемории коронавирус бештар хоҳад шуд.

Имрӯз ҳама бояд ҳушёру зирак бошем ва ба ҷойи воҳимаю таҳлука бояд эҳтиёткориро пеша карда,  ба масъалаи тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ муносибат намоем. Ҳамарӯза тавассути телевизионҳои кишвар роҳҳои пешгирӣ аз бемории короновирус намоиш дода мешавад, роликҳои хуб, оммафаҳм, ки риояи он ҳеҷ мушкилӣ надорад. Пас мо бояд масъули саломатии худ ва фарзандон ва аҳли ҷомеа гашта, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ҳама тадбирҳои заруриро риоя намоем. Ба дасисаву овозаҳои бардуруғ бовар накунем ва дар ин рӯзҳои мушкил бо якдигарфаҳмӣ ва боварию эътимод барои ободии ин марзу бум софдилона заҳмат кашем.

Олимӣ Рауф Латифзода,

директори ДИС ДДТТ, дотсент

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *