Изҳороти аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ оид ба бемории сироятии короновирус ва воҳимаю таҳлука ва тарсу ҳаросафканӣ дар байни мардум

Аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ вобаста ба вазъи ба амаломада ва пайдоиши бемории короновирус дар беш аз 200 кишвари ҷаҳон, ки боиси фавти одамон гардидааст, изҳор менамояд, ки хушбахтона ин беморӣ дар кишвари мо ба қайд гирифта нашудааст. Пас мо бояд бо риояи гигегинаи шахсӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ баҳри он талош намоем, ки мардум ба дасисаву андешаҳои муғризонаи баъзе аз сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ дода нашуда, танҳо бо маълумотҳои расмӣ такя намоянд. Имрӯзҳо дар кӯчаву бозор садҳо хабарҳои бардуруғ паҳн гардида истодаанд, ки ин ҳолат метавонад боиси болоравии нарху наво ва тафриқаандозӣ дар байни мардум гардад. Дар ҷаласаи фаврии Ҳукумати Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сохторҳоро муаззаф намуданд, ки дар ин самт корбариро пурзур намуда, барои пешгирии ин бемории сироятӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Аз ҷумла, дар ин ҷаласа зикр гардид, ки дар дунё дар ду моҳи охири соли ҷорӣ аз оғози саршавии бемории коронавирус беш аз 144 ҳазор нафар, шамолхӯрӣ қариб 70 ҳазор, табларза зиёда аз 140 ҳазор, дар натиҷаи худкушӣ беш 153 ҳазор, садамаҳои нақлиётӣ 193 ҳазор, вируси норасоии масунияти одам 240 ҳазор, майзадагӣ 358 ҳазор, сигоркашӣ 716 ҳазор нафар вафот карда, инчунин, дар як сол аз бемории саратон 1 миллиону 177 ҳазор, зукоми мавсимии А, Б, С то 600 ҳазор ва илтиҳоби шуш то 6 миллион нафар одамон вафот мекунанд. Дар ҳоле, ки дар баъзе кишварҳо ҳар шабонарӯз 600-800 нафар одамон ба ҳалокат расида истодаанд, баъзе ҳамватанони мо ба риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва маслиҳату тавсияи мутахассисон бепарвоӣ зоҳир мекунанд.

Имрӯзҳо воҳимаю овозаҳо ба дараҷае расидаанд, ки гӯё чанд сад нафарро дар беморхонаи вилоятӣ бистарӣ намуда бошанд. Албатта, дар ин самт раёсати тандурустӣ ҳама чораҳоро меандешад, то ин ки бемории мазкур густариш наёбад. Мо бояд суханони роҳнамои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор диҳем, ки таъкид намуданд:

 

“Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, барои пойдории сулҳу субот, амнияти давлат, оромии ҷомеа ва пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварамон тамоми имконият ва нерӯи мавҷудаи худро сафарбар намоем. Мо аз душвориҳои муваққатӣ набояд ҳаросем, саломатии худ ва наздиконамонро эҳтиёт кунем, ташаббускору сарвар, муттаҳиду сарҷамъ, нисбат ба ҳамдигар ғамхору меҳрубон бошем ва дар ҳама ҳолатҳои душвору вазнин якдигарро дастгирӣ намоем”.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *