Изҳороти устодони кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ оид ба вазъи эпидемологии  ноҳияи Ҷ.Расулов  вобаста ба бемории короновирус

Мо омӯзгорони кафедра тариқи ВАО  ҳама огаҳ ҳастем, ки то имрӯз дар ҷаҳон беш аз 2, 2 миллион нафар одамон аз бемории сироятӣ гирифтор гашта, аз ин миқдор зиёда аз 180 000 нафарашон фавтидаанд. Хушбахтона, то кунун ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба ин бемории сироятӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Вале, мутаассифона  чанд  тан ашхосе, ки худро тоҷик меноманд, ба ғайр аз иғвою дурӯғ ба ҳеҷ кор қодир нестанд, имрӯз  ба воҳима афтода,  бе ягон далел иброз медоранд, ки гӯё дар ноҳияи Ҷ. Расулов  400  нафар шаҳрвандон  дар карантин қарор доранд ва ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд. Худ қазоват кунед, ки ин суханҳои беасос чун афсона ба мардуми кишвари мо нақл мекунанд. Мо боварии комил  дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол мисли мо ин “афсонаҳои замонавӣ” –ро инкор хоҳанд намуд.

Бо баробари ин бояд қайд кард, ки дар донишкадаи мо имрӯз беш аз 100 нафар донишҷуён аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ҷ. Расулов таҳсил доранд. Тариқи  расонаҳои  иттилоотӣ  ва суханони донишҷӯёни зикршуда  огоҳ ҳастем ва медонем, ки вазъи эпидимологии ноҳияи Ҷ .Расулов  имрӯз хушбахтона мӯътадил аст.

Дар замоне, ки тамоми мардуми Тоҷикистон баҳри ободии Ватани хеш саъйу кӯшиш менамоянд, дуо менамоянд, ки Худованд миллати тоҷикро аз вабои аср пандемияи  коронавирус  эмин нигоҳ дорад.

 

 

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *