Ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи сомонаҳои ифротӣ нагардем

Маълум аст, ки ҳоло дар ҷаҳон вазъияти ахлоқӣ ва риояи амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи онҳо аз ҳамлаҳои информатсионии ифротӣ хеле мушкил гардидааст. Ҳалли масъалаи дур доштани дастрасии мардум ба сомонаҳои ифротиро ҳатто давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ наметавонанд барои сокинонашон кафолати ҳаматарафа диҳанд. Интернети муосир хеле рушд кардааст ва имкониятҳои зиёде барои боз намудани саҳифаҳои гуногунро додааст. Аз ин гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ба манфиати худ истифода менамоянд ва кӯшиш мекунанд, ки барномаҳои ифротии худро тариқи интернет ба ҷомеа эълон созанд ва ин як навъ шакли нави корбарии ин гурӯҳҳост. Онҳо бо иваз кардани ном мақсадҳои нопоки худро пардапӯш менамоянд. Масалан собиқ наҳзатиён ҳоло бо номи “Паймони миллӣ” баромад мекунанд.

Мо бояд ҳушёрии сиёсиро нигоҳ дорем. Ба сомонаҳои ифротии akhbor.com, nahzat.ru, ksaadat.com, payom.net, isloh.org, guruhi24.net, ozodandeshon.org  надароем. Онҳо нахуст бо рамзҳои гуногун ба боварии мардум даромада, сипас ба нашри матлабҳои иғвобарангезу фитнаангез даст мезананд, ки аз ҷониби тарафдорони фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғшудаашон мавриди истиқболи хуш қарор мегиранд. Ҷавонони ноогоҳ бехабар аз воқеияти ҳол ба ин сомонаҳо даромада, дар ниҳоят ба як мушкилии бузург, яъне фанатизм вомехӯранд, ки асло аз он халос шудан имкон надоранд.

Ҳоло аъзоёни ташкилотҳои террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ва Паймони миллӣ дар хориҷ аз кишвар қарор гирифта, бар зидди миллати тоҷик мубориза мебаранд ва талош менамоянд, ки бо роҳҳои гуногун мафкураи ҷавононро вайрон намоянд ва онҳоро ба роҳгумӣ баранд, ки ин хиёнати бузурги хоинони бадкеш бар миллат  аст.

Ҳамаи хиёнатҳо ва матлабҳои бардурӯғи сомонаҳои ифротии ин ташкилотҳои террористӣ-экстремистиро ба инобат гирифта, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, ки ин ҳам барои наҷоти шаҳрвандон аз ғояҳои ифротӣ-террористӣ мебошад.

Дар сомонаи ифротии isloh.net Муҳаммадиқболи Садриддин оид ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханони пур аз фитнаву дурӯғ, кинаву адоват, сафсаттагӯиҳои зидди давлату ҳукумати кишварамонро нашр намудааст. Хоҷагони хориҷии Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамон хоҷагони наҳзатиён аст ва бо супориши онҳо ба паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ машғул аст. Магар ӯ намедонад, ки дар солҳои 90-ум бо дасти наҳзатиёни хунхор зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи кишварамон ба қатл расонида шуда буданд. Ин шахси разил мехоҳад, ки ба сари халқи мо боз ҳамон бадбахтиҳоро ба бор орад. Аз ин сабаб ба бӯҳтонҳои ӯ бовар накунед. Вай барои пулу моли ҳаром ватанаш, наздиконашро мефурӯшад.

Боймуродов Л.,

 Иброгимов И.,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *