АНДЕШАҲО ОИД БА АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗОНАИ ТТЭ ҲНИ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро НИСБАТ БА БЕМОРИИ КОРОНОВИРУС

Мутаассифона, бемории сироятӣ бо номи коронавирус“COVID-19” аксари мамлакатҳои оламро фаро  гирифтааст. Вале баъзе ашхосон дар ин лаҳзаҳои ҳассос назҳатиён доир ба паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон бо суханҳои иғвоангезонаи навбатиашон мехоҳанд манфиатҳои ғаразноки худро ба даст оваранд. Бояд қайд кард, ки воқеан амалҳои зишти содирнамудаи назҳатиён ба ҳамагон маълум аст. Илова бар ин дар филми мустанади “Хиёнат” низ боз амалҳои нопокашон исбот шуд. Имрӯзҳо мардуми кишварамон нисбати назҳатиён лаънат мехонанд. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки ин гурӯҳи бадандеш бо роҳбарии М.Кабирӣ ҳар ҳодисаро бо аъмоли зиддиинсонии даҳшатфикании хеш қиёс мекунанд. Ошноӣ бо ҷаҳонбинӣ ва бунёдҳои мафкуравӣ, инчунин усулҳои муборизаи гурӯҳҳо зарурати омӯзиш ва мавриди тааммул мебошанд. Зеро надонистани ҳадафҳои стратегии онҳо ҷомеаро метавонад ба муаммои сарбастае рӯ ба рӯ карда, боиси ҳарҷу марҷ ва нооромиву бесарусомониҳои зиёд шавад.

Ҷавобан ба суханҳои иғвоангезонаи назҳатиён метавон қайд кард, ки бо гапҳои беасосу ношоистааш ҳеҷ гоҳ мардумро ба тарафи худаш нигаронида наметавонад. Имрӯз хушбахтона вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ муътадил аст. Онҳое, ки дар муассисаҳои тандурустӣ дар карантин қарор доранд, ҳолаташон мусбӣ мебошад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда мерасанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои назҳатиён наҳоҳанд шуд.

       Файзиева С.А.

мудири кафедраи 

забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *