Изҳороти кафедраи молшиносии ДИС ДДТТ оид ба андешаҳои хом ва душманонаи бадхоҳони давлату миллат

 

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ, баъди эълон гардидани сиёсати дарҳои боз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми тоҷик дар маърази иттилооти гуногун ва фарогири диниву мазҳабӣ қарор гирифт. Мардуме, ки шинохти зарурӣ аз дину мазҳаб надошт, мумкин буд ба ҳар самту равияе кашида шавад. Ин ҳама амалҳои душманона ва муқобили арзишҳои фарҳангию миллии тоҷикон дастуру фармонҳои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ буда, нишонаи бармалои душмании наҳзатиҳо бар миллату Ватани хеш аст.

Ба ёд меорем мақолаи бемантиқона ва бедалелонаи шахсияти бенангу номусе, ки аз хориҷи кишвар истода, ба унвонии роҳбари маҳбуби миллати куҳанбунёди тоҷик, Пешвои муаззами миллат бӯҳтону дасисаҳо мегӯяд. Он кирдорҳои нобахшидание, ки ваҳшиёна қотилона ва он амалҳои ваҳшиёнае, ки нисбати миллати тоҷик  мухолифин худаш бо дастони худ иҷро намуда, имрӯз ба сари шахсони бегуноҳ мезананд.

Бо кӯмаку дастгириҳои хоҷагони хориҷии худ шумо Тоҷикистонро ба вартаи ҳалокат рӯ ба рӯ сохтаед. Мардумро ба хоки кишвари бегона фирорӣ кардаед ва хазинаи давлатро ғорат кардаед, оташи ҷанги шаҳрвандиро даргирондаед, мардумро ваҳшиёна қир кардаед ва бигӯед, ки дар сенарияи шумоён боз кадом амалҳои хоинонаатон амалӣ нагаштааст. Имрӯз нисбати он шахсе тӯҳмат мекунед, ки ин шахси бузурги миллати тоҷик сарсупурдаи миллат, миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат наҷотдиҳанда, барпокунандаи сулҳи тоҷикон мебошанд.

Шумо пеш аз он, ки кирдорҳои разилони худро ба сари шахсони бегуноҳ бор кунед, ки шумоён худатон баро миллати бо нангу номуси тоҷик  чӣ беҳбудӣ ё манфиат овардаед.

Бинобар ин, муқовимат бар терроризм, садо баланд кардан алайҳи бадхоҳони давлату миллат вазифаи ҳар як фарди ба ору номус ба шумор меравад. Зеро Тоҷикистон терроризмро бо тамоми зуҳуроташ қотеъона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти марговар пуштибонӣ менамояд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *