БА АМАЛҲОИ ТАҲРИБКОРОНАИ НАҲЗАТИЁН ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ!

 

Таърих гувоҳ асту гувоҳӣ медиҳад, ки қариб ҳама миллатҳою давлатҳо дар баробари рушду инкишофи худ, тағйироту ҳаводисҳои зиёдеро паси сар намудааст. Миллати мо низ дар тӯли таърихи давлатдориаш бисёр ҳаводису воқеаҳоро дидаву сабақҳои зиёдеро андӯхтааст. Мо дар ин ҷо аз гузаштаи дури таърихи миллатамон ёдовар нашуда, таърихи начандон дур, ибтидои солҳои 90-умро ба хотир меорем. Кишвари азизу маҳбуби мо Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 пас аз пошхурии сохтори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Истиқлолияти комили худро ба даст овард, ки мо имсол 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишаврамонро бо дасовардҳои назаррас пешвоз хоҳем гирифт.

Аз таърихи наъвини кишвари мо ёдовар шуда қайд менамоем,ки , дар оғози давраи тақдирсозу таърихӣ барои миллату давлати тоҷикон, бояд бо соҳибистиқлол гаштан мебоист мардум паи корҳои созандагию бунёдкорӣ мегардиданд. Вале як қатор ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ифротӣ бо ақидаҳои нопоку разилонаи худ ба ҳаёти сиёсии миллату давлати соҳибистиқлоли тоҷик ворид гардида, бо тафриқандозиҳои зиёди беасос миёни мардуми осоишта низоъ андохта, вазъи ҷомеаро ноором сохтанд, ки аз байнашон нисбатан наҳзатиҳо фаъолтар аз дигарон буданд. Дар солҳои 90-уми асри гузашта Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) бо ниятҳои муғризона ва таҳрибкоронаи худ ба фаъолият оғоз намуд, ки оқибати инро тамоми мардуми Тоҷикистон дарк намуданд. Бо дасти душманони миллат ва ғаразхоҳони дохилию хориҷӣ байни миллати мо нооромиҳо ба вуқӯъ пайваста, боиси ҷанги бародаркушӣ гардид. Дар натиҷа бисёр кӯдакон ятим мондаву модарон бесаробон, тифлон шаҳди ҳаётро ночашида, ғӯрамарг гардиданд, мардум ватанро тарк мекарду душманон тухми нифоқро дар ин сарзамин мекоштанд. Баъзе доираҳои манфиатдори дохилию хориҷӣ, маҳз, аз ҷумлаи роҳбарони собиқ ТТЭ ҲНИ ва хоҷагону маблағгузорони онҳо, ки ташаббускори ин ҷанги бародаркуш буданд, барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, яъне ба сари мардуми тоҷик, таҳмил намудани мазҳаби бегона ва бунёди давлати исломӣ ба оташ равған мерехтанд. Ин далелҳо бори дигар пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”боз амиқу тасдиқи худро ёфт.

Хушбахтона, барои бахти миллати тоҷик офтоби умедбахш нури фардоро арзонӣ дошт ва нафаре ба курсии роҳбарии давлат Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуд, ки маҳз бо ташаббусу корнамоии Пешвои маҳбуби миллат ва сиёсати пешгирифтаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми тоҷик сарҷамъ шуд ва дар муттаҳидӣ давлат аз хавфу вартаи ҳалокат наҷот ёфт. Маҳз яке аз сутунҳои устувори таъмини Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ мсебошад, ки мо дар остонаи ҷашнгирии 24ғумин солгарди он қарор дорем, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буда, барои миллату давлати соҳибистиқлоли тоҷик, ҳамчун санаи муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Бо эхтирому ифтихор бояд ёдовар шуд, ки миллати тоҷик воқеан  дурандешу хирадманд буда, бо роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон ба дастовардҳои назаррасро соҳиб гардида, давра ба давра ба амалҳои неку ояндасоз заминаҳои мустаҳкам гузошта истодааст. Дар ин давра, дар баробари пешравиҳои назарраси иқтисодю иҷтимоӣ мавқеи байналмилалии Тоҷикистон низ хело мустаҳкам гардида, нуфуз ва ҷойгоҳу мақоми он дар робитаҳои муносиботи ҷаҳони муосир баланд шуд, ки ҳамаи ин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва файзу баракати Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ватанамон мебошад. Бо сиёсати халқпарварона ва хирадмандонаашон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён собит намуданд, ки миллати тоҷик дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати мушкилотҳою душвориҳо ва саранавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худодии худ истифода карда, миллату Ватанро эмин нигоҳ медоранд. Бо баробари ин  набояд фаромӯш кард, ки ҳанӯз ҳам хоинону душманони миллату давлатамон чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷи кишвар, умедашонро аз иғвоангезию ноором намудани Ватан ва ба дасисаҳои навбатии сиёсӣ тела додани халқи Тоҷикистон накандаанд. Боварии комил дорем, ки ҳамватанони азизамон, бахусус ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд. Барои ҳамин бояд тамоми кӯшишҳо ба харҷ дорда шавад, то ки фаъолияти таҳрибкоронаи  созмону ташкилотҳои  террористӣ пурра боздошта шавад.

 

                      РАХИМОВ Э.Э.,

                    нозири шӯъбаи мониторинг ва

 назорати сифати таълим

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *