ТТЭ ҲНИ ВА ДОИШ ДАР АСЛ ЯК ТАШКИЛОТ АСТ!

Таҳлилҳо собит менамояд, ки яке аз ҳизби бадкинаву иғвогар Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) дар қаламравӣ кишвар фаъолят намуда, оқибат мақсади ғаразноки роҳбарият ва аъзоёни он ба ҳамагон аён шуд.    Чунончӣ, дар филмҳои ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Хиёнат”амалҳои номатлуби содирнамудаи аъзоёни ҲНИ, бахусус Муҳиддин Кабирӣ бо далелҳои раднашаванда ошкору тасдиқи худро ёфт. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки воқеан дар масъалаи зулму бераҳмӣ ва қатлу ҷиноят байни ҲНИ ва “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ягон фарқе нест. Илова ба як будани тарзи  фаъолият, мақсади асосии ДОИШ ва ҲНИ ҳам як чиз аст: ба даст гирифтани қудрат ва ташкил кардани давлати асримиёнагии исломӣ. Ҳақ ба ҷониби олими тоҷик Рустами Азиз аст, ки соле пеш китобҳои роҳбари қаблии собиқ ҲНИ Саид Абдулло Нуриро хонда, иқтибосҳои зиёд оварда, нишон додааст, ки мақсади асосии ҲНИ ҳам сохтани давлати исломӣ мебошад. Ин рост аст, зеро дар амал ҳам ҲНИ инро борҳо исбот кардааст. Масалан, моҳи январи соли 1993, вақте минтақаи Рашти Тоҷикистон муваққатан зери назорати ҲНИ афтод, онҳо дар ин минтақа зуд давлатчаи худро бо номи «Ҷумҳурии исломии Ғарм» (ҶИҒ) ташкил намуда, дар он қоидаҳои исломиро аз фаҳмиши ифротии наҳзатӣ ҷорӣ карданд. Аз тарафи ҲНИ узви раёсати олии ҳизб Саъдиддини Рустам,  ки  ҳоло  дар зиндон аст, «президент»-и ин «давлати исломӣ» ва қумандони хунхори ҲНИ Ризвон Садиров «вазири мудофиаи ҶИҒ» эълон шуданд. Диққат кунед, ки аввалин фармонҳои ин давлати худхондаи ҲНИ чи хел буданд, яъне аз хона набаромадани занон, аз чор ангушт кам набудани риши мардон, ба мактаб нарафтани духтарон, аз ҳар хона ба лашкари наҳзат додани ду муҷоҳид, ба ихтиёри ҷангандаҳои ҲНИ супоридани захираҳои озуқавории мардум, аз ҷумла орд, асал, чорво, картошка, себ ва ғайра, манъ будани мусиқӣ дар тӯйҳо ва ғайра буданд. Агар ин фармонҳои «давлати исломӣ»-и ҲНИ-ро бо амрҳои халифаи ДОИШ муқоиса кунем, ҳеҷ фарқе дида намешавад. «давлати исломӣ»-и ҲНИ аломатҳои дигари ДОИШ, аз ҷумла ташкили ба ном «судҳои исломӣ» ё «самосуд» ва бегуноҳ ба куфру бидъату қатл ҳукм кардани одамонро низ васеъ истифода мекард. Қозии ин давлати ҲНИ – Мулло Абдуғаффори «Танка» дар тамоми «парвандаҳо» фақат як ҳукм медод – ҳукми қатл. Зеро сатҳи фаҳмиш ва идеологияи террористии ӯ фақат ҳамин қадар буд. Дар солҳои фаъолияти «судҳои исломӣ»-и ҲНИ дар минтақаи Рашт, водии Язғулом ва дар ҳудуди Афғонистон бо ҳукми ин қозиҳои наҳзатӣ садҳо каси бегуноҳ кушта шуданд. Пас аз Абдуғаффори «Танка» вазифаи қозигии ҲНИ-ро дар Афғонистон Мавлавӣ Муҳаммадҷони Файзмуҳаммади Панҷӣ давом дод, ки ҳукмҳои ӯ боз ҷоҳилонатару шадидтар буданд…ягонагии ҲНИ бо ДОИШ-ро яқин нишон медиҳад. Зеро халифаи худхондаи ДОИШ Абубакри Бағдодӣ ҳам расман фатво додааст, ки «Банг барои муҷоҳид ҳалол аст, зеро ғурури муҷоҳидро зиёд мекунад»! Фатвое, ки бар хилофи тамоми таълимоти дини мубини ислом аст. Акнун чи хел мегӯед, ки ҲНИ аз ДОИШ фарқ мекунад? Фатво як хел, тарзи фикри як хел, манбаи даромад як хел.   ДОИШ аз ҲНИ як бартарӣ дорад.

Имрӯз ТТЭ ҲНИ ва ё бо номи Паймони миллӣ..дар Аврупо қарор дошта, корашро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо фиребу дурӯягӣ ба роҳ мондааст. Дар баромадҳояш роҳбари наҳзатиён Мухиддин Кабирӣ худашро «ҷонибдори давлати демократӣ» меномад, аммо дар маҷлисҳои махфӣ ва дар ҳисобот ба хоҷагони хориҷӣ, ки сабти онҳо ҳаст, мақсади ҳақиқии худро ташкили давлати исломӣ меномад. Сабаби чунин дурӯягии наҳзатиён дар чист? Сабаб дар ин аст, ки роҳбарони ҲНИ кайҳо аз мазҳаби ҳанафии тоҷикон рӯй гардонда, мазҳаби шиаро қабул кардаанд. Дар он мазҳаб бошад тақия кардан ё пинҳон кардани мақсади асосӣ як кори оддӣ аст. Мувофиқи мазҳаби шиа, ки наҳзатиҳо онро қабул кардаанд, дурӯғ гуфтан гуноҳ ҳисоб намешавад. Ҳамин хел, агар ДОИШ як гурӯҳи ифротгарои террористӣ бошад, варианти тоҷикистонии он – ҲНИ, гурӯҳи ифротгарои террористии мунофиқ аст. Яъне дар ин масъала аз ДОИШ ҳам хатарноктар мебошад.

Бояд ёдовар шуд,ки дар ҳар мамлакати дигари дунё барои ин хел ҷиноятҳои бемислу монанд ягон гурӯҳи террористиро намебахшанд. Масалан, дар ҳамон Аврупо ҳаштод сол шуда бошад ҳам, то имрӯз ҷиноятҳои фашизми гитлериро набахшидаанд ва намебахшанд. Ҷиноятҳои яқиншуда ва зикршудаи наҳзатиҳо аз он чи камӣ дорад? Агар фашистон одамонро дар камераҳои газ кушта буданд, наҳзатиҳо одамонро дар бочкаҳои оҳанӣ буғӣ карда куштаанд. Ин лаҳзаҳоро мардуми одии кишвар дар филми мустанади “Хиёнат”дида, ба худ хулосаи зарурӣ баровардаанд. Воқеан далелҳо нишон медиҳад, ки  ҲНИ ва ДОИШ дар асл як ташкилот буда, тарроҳону спонсорҳояшон ва хоҷагонашон як аст. Мақсад, идеология ва тарзи корашон ҳам як чиз аст. Инро дар назар гирифта, дигар фарқе надорад, ки мо «ДОИШ» гӯем, «Ал-қоида» гӯем,  «Боку Ҳаром» гӯем ё «ҲНИ» гӯем. Номҳо гуногунанд, аммо фаъолият ва моҳият як чиз аст. Ё дигар фарқ надорад, ки Бен Ладен гӯем, Мулло Умар гӯем, Абубакри Бағдодӣ гӯем ё Муҳиддин Кабирӣ гӯем. Номҳо фарқ мекунанд, ҷойҳо фарқ мекунанд, аммо вазифаҳо, ролҳо, хоҷагон, спонсорҳо як аст. Маҳз ҳамин умумият ва ҳақиқатро дар назар гирифта, ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои қудратманди олам ҲНИ-ро ҳам дар қатори «Ал-қоида»-ю «ДОИШ» ба рӯйхати ягонаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ дохил кардаанд. Хулоса аз рӯи фаъолияти амалии ТТЭ ҲНИ баҳо диҳем, мебинем, ки тамоми фаъолияти он айнан ДОИШ буда, дар баъзе масъалаҳо аз ДОИШ ҳам даҳшатноктар аст.

 

УСМОНОВ С.О.,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *