Изҳороти шуъбаи бақайдгирӣ  ва машварати ДИС ДДТ  вобаста ба баромади фитнаю ошуби Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Мо, кормандони тариқи васоити ахбори умум бохабар ҳастем, ки роҳбари сиёҳдилу бадкинаи ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ номи ҳизбро “Паймони миллӣ..” ном гузошта, ба ҳар амалҳои давлатдорон  беасос туҳмату ғайбат менамояд. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки воқеан собиқ роҳбарон ва аъзоёни ҲНИ имрӯз дур аз ватан дар сояи хоҷагони худ зиндагонӣ карда, мехоҳанд, ки боз дасисаҳои наве барпо карда, Ватани ороми моро ноором созанд.  Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд. Зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди миллатро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода, содиқона паи хизмат ба миллату кишвари худ бошанд. Барои мардуми шарифи Тоҷикистон, маҳз миллат метавонад соҳиби давлат, обрӯ ва эътибор дар арсаи байналмилалӣ бошад.

Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки бадхоҳони миллат, чун М.Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурӯғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати ватан сухан гӯяд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *